Усмонзода хостори эълони ҳолати фавқулода дар Тоҷикистон шуд

Усмонзода таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд воқеиятро эълом намояд ва аз пинҳонкорӣ дар мавриди густариши вируси корона даст бардорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва намояндаи ба вируси корона мубтало шудаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон хостори эъломи ҳолати фавқулода ва карантини умумӣ дар Тоҷикистон шудааст, гузориш медиҳад "Парс тудэй".

Тасмими раису тобеин: маоши якмоҳа алайҳи коронавирус ва 500 сомонӣ кумакпулӣ ба табибон
Бино бар иттилои манбаъ, вай бо зери савол бурдани омори вазорати тандурустӣ дар бораи шумораи мубталоёни вируси корона дар Тоҷикистонгуфтааст, ки аз наздикони худи ӯ чанд тан ба коронавирус гирифтор шуданд.

Усмонзода таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд воқеиятро эълом намояд ва аз пинҳонкорӣ дар мавриди густариши вируси корона даст бардорад.

Саидҷаъфар Усмонзода мегуяд, ки дар ибтидо бемории вайро зуком ташхис доданд ва баъдан маълум шуд, ки корона доштааст.

Барномаи рушди СММ барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон 600 ҳазор доллар медиҳад

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳамчунин хостори тағйири раёсат ва масъулони Ситоди мубориза бо вируси корона дар Тоҷикистон шудааст.