Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон боз рӯ ба афзоиш ниҳод

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон дар бораи шумораи гирифторони коронавирус дар кишвар маълумоти нав пешниҳод кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Дар Ӯзбекистон 9 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируси навъи нав ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.

Олимон сабаби фавти зиёд аз коронавирусро муайян ва роҳи пешгирӣ аз маргу мирро гуфтанд

Бино бар омори пешниҳодкардаи ин ниҳод, шумораи умумии сироятёфтагони КОВИД- 19 ба 2127 нафар расидааст.

"Ба ҳолати 3 майи соли 2020 дар Ӯзбекистон шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус 2127 нафарро ташкил медиҳад", - қайд кардаанд дар вазорат.

Муассиса афзудааст, дар беморхонаҳои сироятии Ӯзбекистон феълан 856 бемор қарор доранд, ки вазъи 10 нафарашон вазнин ва 2 нафари дигарашон ваҳим аст.

То имрӯз дар Ӯзбекистон 9 нафар қурбони вирус шуданд ва 1,3 ҳазор сиҳат ёфта, аз беморхона ҷавоб шуданд.
Ёдрас мешавем, нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон 15 март муайян гардид.  Бемориро аз духтаре пайдо карданд, ки аз Фаронса баргашта буд.

Ҳукумати кишвар аз 1 апрел дар Тошканд ва минтақаҳо қарантина ҷорӣ кард. Ба ашхоси аз 65-сола боло аз хона берун шудан мамнӯъ аст.

Нахуствазири Русия гирифтори коронавирус шуд

Ҳарчанд худҷудокунӣ дар кишвар то 10 май тамдид карда шуда бошад ҳам, дар баъзе минтақаҳо шартҳои қарантина сабук мешаванд.