Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Фавти ду маризи коронавирус дар як рӯз: теъдоди қурбониён дар Қазоқистн ба 27 нафар расид

Вазорати тандурустии Қазоқистон мегӯяд, аз маризии сироятии коронавирус дасти кам 27 нафар қурбон шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Танҳо давоми як рӯз дар Қазоқистон ду маризи коронавирус ҷон аз даст доданд. ар хабари Вазорати беҳдошти ин кишвар бо ду фавти ахир акнун теъдоди қурбониён ба 27 нафар баробар шуд.

Дар Қазоқистон як зани садсола аз коронавирус шифо ёфт
Зимнан, манбаъ меафзояд, ки давоми як шабонарӯз дар ин кишвар 36 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирус сабт гардидаст. 

Ҷамъан дар ин кишвар 3913 нафар ба маризии кронавирус гирифтор шудаанд. 

Мақом ҳам кумак накард: муовини вазири тандурустии Қазоқистон гирифтори коронавирус шуд

Ҳоло дар Қазоқистон вазъияти фавқулода аст, ки он аз 16 март ҷорӣ шуда буд ва ахиран ин низом то 11 май тамдид карда шуд.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар навбати худ ҳушдор дод, ки рӯзи 11 май вазъияти фавқулода танҳо дар сурате бардошта мешавад, агар гирифтории зиёд ба ин беморӣ қайд нагардад.