ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон дар пайи шикасти сарбанди обанбори Сардобин ва обхезӣ 60 нафар маҷрӯҳ ва 2 тан ҳалок шуданд. Ҳодиса 2 май дар пайи боронҳои шадид ва шамоли сахт рух додааст.
"Наздики 70 нафар сокинони атрофи обанбор ба маконҳои бехавф дар вилоятҳои Сирдарё ва Ҷиззах интиқол дода шуданд. Бештар аз 17 ҳазор нафар аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд", - менависад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар.
Бино бар иттилои манбаъ, 56 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон битарӣ шуданд.
Ӯзбекистон се гузаргоҳи марзияшро бо Тоҷикистон барои нақлиёти боркаш кушод
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мизиёев шахсан дар ҷои ҳодаса бартарафсози оқибатҳои обхезиро назорат мекунад.
Ёдрас мешавем, обанбори Сардобин дар Ӯзбекистон соли 2017 бунёд гардида, 922 миллион кубометр об мебарад.