Тоҷикистон ба истихроҷи тиллои пошхӯрда дубора оғоз кард

Дар Тоҷикистон корхонаҳои давлатӣ барои коркар ва истихроҷи тиллои пошхӯрда дубора ба кор оғоз кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Да кишвар бо мусоид омадани боду ҳаво корхонаҳои истихроҷкунандаи тиллои пошхӯрда ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудаанд, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.

Уткин дар бораи коҳиши содироти тилло дар Тоҷикистон: ин қарори дуруст аст

Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар кишвар корхонаҳои заршӯии “Тиллои Тоҷик”, Артели заршӯии “Одина”, ҶДММ  “Авесто Одина”, ҶДММ  “Нахш”, ҶДММ “Абдулазиз”, ҶДММ  “Таком Голд” ҶДММ  “Шимшо”, ҶДММ  “Назирӣ”, ҶДММ  “Заринк”, ва ҶДММ  “Баракати истиқлол” фаъолият мекунанд.

Манбаъ мегӯяд, айни замон, корхонаи махсуси давлатии қазонии ҷумҳуриявии “Тиллои Тоҷик”, Артели заршӯии ва ҶДММ  “Заринк” ба шустани қумҳои зардор оғоз намуда, дигар корхонаҳои болозикр ба омода намудани техника, таҷҳизотҳо ва корҳои қабаткушоӣ машғул мебошанд.

Арзиши тилло низ дар бозори ҷаҳонӣ коҳиш ёфт

Тибқи иттилои манбаъ, соли гузашта корхонаҳои заршӯйӣ ба маблағи 378,2 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, саҳми корхонаҳо дар маҷмӯи маҳсулоти соҳаи саноати коркарди маъдан 5,4 фоизро ташкил додааст.

“Мутобиқи нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳо назар ба соли 2019 115% зиёд ба нақша гирифта шудааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешава, шумораи кормандони корхонаҳои болозикр дар умум 1985 нафар буда, музди миёнаи меҳнати як нафар корманд 2567 сомонӣ мебошад.

Вазорат мегӯяд, тиллои истихроҷнамудаи корхонаҳо, пурра аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи харидорӣ мешавад.