Вазир маошашро барои мубориза бо COVID-19 доду гуфт, имрӯз бояд дар канори мардум бошем

Ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ дар чаласаи видео-селектории назди Вазир корҳои дохилӣ тасмим гирифтанд 50 дарсади маоши вазифавиашонро барои мубориза бо коронавирус ба суратҳисоби махсус таҳвил диҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мая — Sputnik.  Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ изҳори омодагӣ намуданд, ки 50 дарсади маоши моҳонаи худро ҳамчун кумак ба фонди маблағгузории пандемияи COVID-19 мегузаронанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Раҳмон маоши якмоҳаашро барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон таҳвил дод

Бино бар итттилои манбаъ, ин тасмим имрӯз зимни ҷаласаи видео-селектории назди Вазири корҳои дохилӣ гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаҳои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷаласаи навбатии Ҳукумати мамлакат рӯзи 30 апрели соли равон вобаста ба чораҳои пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19 бар меоянд, баррасӣ гардид.

“ Рамазон Раҳимзода бо ҳайати шахсӣ баҳри иҷроиши ин вазифаҳо як қатор корҳоро роҳандозӣ намуд. Вазири корҳои дохилӣ қайд намуд, ки акнун вақти он расидааст, ки мо шабу рӯз вазифаҳои ба ӯҳда доштаамонро иҷро намуда, дар ин лаҳзаҳои ҳассос паҳлӯи мардумамон бошем. Бояд ба мардум фаҳмонем, ки ба воҳима ва таҳлука дода нашаванд”, - таъкид доштааст дафтари матбуоти ВКД.

Раҳимзода ҳамзамон қайд кардааст, ки нақшаҳои давлату Ҳукумат барои мубориза бар зидди ин вабои аср омода аст. Чораҳои пешгирикунанда аз тарафи сохторҳои дахлдори ҳукумат гузаронида шуда истодааст.

“Ба хабарҳои гуногуни воҳимаангезу бардурӯғ бовар накарда, аз паси зиндагии муқаррарӣ гардида, гигиенаи шахсиро (маҳдудият аз дигарон, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шустани дасту рӯй)-ро риоя намоянд”, гуфт вазир.