Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Олими тоҷик дар Бритониё роҳи муолиҷаи коронавирусро нишон дод

Донишманди тоҷики муқими Бритониё дар якҷоягӣ бо озмоишгоҳи Оксфорд барои муолиҷаи коронавируси навъи COVID - 19 дору ихтироъ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Доктор Бобоҷон Назаров доруеро баром муолиҷаи вабои асри 21 - коронавируси навъи COVID - 19 озмоиш дорад.

Олими тоҷик : Вазорати тандурустӣ барои пешгирии CОVID-19 бояд "хун" ҷамъоварӣ кунад

Озмоиши донишманди тоҷик ва тими ӯ дар Донишгоҳи бонуфузи Оксфорди Бритониё сурат мегирад.

Олимон ду навъи дору: ҳабб ва сӯзандору ихтироъ карданд.

Муҳимтарин фарқи ин доруҳоро олими тоҷик дар он мебинад, ки дар сурати озмоиши бомуваффақият, мешавад дарҳол ба истифодаи умум гузошт. Роҳи табобати олими тоҷик чанд қадам пеш аст, дар ҳоле, ки ваксина ва дигар методҳои табобати имрӯза танҳо одамони сироятшударо табобат мекунад.

Коронавирус : Абуалӣ ибни Сино гуфта буд, ҷасади сироятшудагонро чӣ гуна ба хок супоранд

Низоми кор содда аст: сафедаи TMPRSS2 - ро, ки коронавирусро дар бадани инсон паҳн мекунад, нобуд кардан.

"Ин сафеда мисли калиде ҳаст, ки дари хонаеро мекушояд ва дору ин марҳиларо бозмедорад", - шарҳ дод Назаров.

Назаров умед дорад, роҳи табобати худро авохири ҳамин моҳ дар мубталоёни коронавирус озмоиш кунад.

Ваҳму воҳимаи мардум асос надорад: олими тоҷик роҳи табобати коронавирусро гуфт

Озмоишшавандаҳо дар баробари дору тестҳои коронавирусро низ хоҳанд гирифт. Натиҷаи табобати онҳо бо беморҳое, ки ба таври маъмулӣ табобат мегиранд муқоиса карда мешавад. Вазъи беморонро доимӣ таҳти назорат мегиранд, то дар ҳоли бад шудан, дарҳол бистариашон кунанд.

Ҷонбобоев: қарантинаро нахустин бор Абуалӣ ибни Сино пешниҳод кардааст

Latus Therapeutics дар ҳоли ҳозир ҳуҷҷатҳоро омода намуда истодааст, то озмоишро бо 500 бемор оғоз кунад.

Донишманди тоҷик Бобоҷон Назаров - хатмкардаи Донишгоҳи Оксфорд ва бунёдгузори ташкилоти Latus Therapeutics мебошад. Назаров дар Тоҷикистон ба дунё омада ва бузург шудааст.