ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Имрӯз, 30 апрели соли 2020 аз тарафи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон дар Вазорати корҳои дохилӣ дастурдиҳии ҳайати шахсии Бригадаи махсуси (тамизкунӣ) оид ба дезинфексия гузаронида шуд.
Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳангоми суҳбат Раҳимзода оид ба чорабиниҳои огоҳикунанда ва пешгирикунандаи паҳншавии коронавирус COVID-19 супоришҳои қатъӣ дод.
"Тибқи дастури ӯ дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо, боғҳою гулгаштҳо, варзишгоҳҳо, микрорайонҳо, гирду атрофи бозорҳо, марказҳои савдо, мактабҳо бо мошинҳои махсус корҳои зиддиинфексонӣ гузаронида мешавад", - омадааст дар хабарнома.
Қайд намудан лозим аст, ки ин бригада бо Фармони вазири корҳои дохилӣ таҳти №241 аз 15 апрели соли 2020 ташкил карда шуда, сохторҳои он дар маркази вилоятҳою минтақаҳо амал менамоянд.
Ин бригада бо асбобҳои лозимӣ, либосҳои махсус, бо 4 автомашинаи махсус ва 40 автомашинаҳои сохторҳои ВКД - хадамотҳои оташнишонӣ ва Дастаи таъиноти махсус вобаста карда шудааст.
Кормандони ин бригада тибқи фармон бо иловапулӣ ва озуқаворӣ таъмин карда мешаванд. Ҳангоми пайдо шудани хоҳиши мардум барои гузаронидани корҳои дезинфексионӣ метавонанд бо телефони 221-21-21 муроҷиат намоянд.
Ёдрас мешавем, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аввалин мавориди гирифторӣ ба "вируси корона" дар Тоҷикистонро тасдиқ кард.
Ҳамин тавр, дар кишвар 15 ҳолати гирифторӣ ба "вируси корона" - 10 маврид дар шаҳри Хуҷанд ва 5 маврид дар шаҳри Душанбе сабт шудааст.