Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Рекорди нави Афғонистон: шумори мубталоён ба вирус корона ба маротиб афзоиш ёфт

Шумори умумии нафароне, ки то имрӯз дар Афғонистон гирифтори вирус корона шуданд, ба ду ҳазору 171 нафар расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Мақомоти Афғонистон эълон кард, дар 24 соати ахир шумори нафароне, ки дар ин кишвар гирифтори вируси корона шуданд, ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Ҷасад мекофтанд: полиси Афғонистон панҷ сокини Тоҷикистонро озод кард

Мақомот таъкид доштааст, ки дар 24 соати ахир дар ин кишвар 232 ҳолати сироят ба ин вирус ба қайд гирифта шудааст.

Воҳидулло Майяр, намояндаи вазорати беҳдошти Афғонистон гуфт, то имрӯз шумори умумии нафароне, ки ба вируси корона гирифтор шудаанд, дар кишвар ба 2 ҳазору 171 нафар расидааст.

Аксарияти ҳолатҳои сироят ба вируси COVID-19 дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди нафарони сироятёфта дар шаҳри Кобул то имрӯз ба 573 нафар расидааст.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи вазорати беҳдошти Афғонистон аз расонаҳои хабарӣ хоҳиш кардааст, ки бештар ба хабарҳои хуб аҳамият диҳанд ва аз нашри хабарҳои бад худдорӣ намоянд.

Вай ин иқдомро ба хотири дастгирии пизишкони Афғнистон арзёбӣ кард.

Даҳҳо корманди дастгоҳи раисҷумҳури Афғонистон гирифтори коронавирус шудаанд

Ёдрас мешавем, ки дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон то 9 май режими қарантина ҷорӣ шудааст. Ба сокинон бидуни зарурат ба берун омадан ва  ҷамъ шудани гурӯҳиро манъ карданд. Роҳҳои шаҳри Кобул куллан баста шудааст.

Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҷаласаҳои ҳукуматро тариқи конфронси видеоӣ анҷом медиҳад. Тамоми мақомдорон ва аъзои ҳукумати Афғонистон низ тариқи фосилави фаъолият доранд.

Ҳамзамон парлумони ин кишвар ахиран эълон кард, ки ба хотири ҷилавгири аз паҳншавии коронавирус дар Афғонистон барои ду ҳафта ба таътил меравад.