Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Тоҷикистон барои аҳолӣ истифодаи ниқобҳои тиббӣ ҳатмӣ шуд

Ин тасмим баъд аз ҷаласаи изтирории ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи маризии вируси корона ё COVID-19 қабул карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Дар Тоҷикистон бино бар ошкор шудани вируси корона барои аҳолӣ истифодаи ниқобҳои таббиро ҳатмӣ карданд.  

Ин тасмим дар ҷаласаи изтирории ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи маризии вируси корона ё COVID-19 қабул карда шуд.

15 мавриди "вируси корона" дар Тоҷикистон: эътирофи расмӣ

Таъкид шудааст, ки истифода бурдани ниқобҳои тиббӣ барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар ҳатмӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, маълумот дода нашудааст, ки дар сурати надоштани ниқоб чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мешавем, имрӯз дар Душанбе ҷаласаи изтирории ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи маризии вируси корона ё COVID-19 баргузор гардид.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29-уми апрели соли 2020 - 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирусии CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 (даҳ) ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 (панҷ) ҳодиса аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар ба қайд гирифта шудааст. 

Тибқи иттилои расмӣ, аз 1 феврал то субҳи 30 апрели соли 2020 дар Тоҷикистон бо мақсади муаяйн ва ошкорсозии сирояти коронавирус 10937 нафар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ ба карантин фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора то имрӯз 8438 нафар дар ҳолати муътадил ва солим ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Ҳоло дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 нафар таҳти муоина ва назорати табибон қарор доранд ва 29 апрели соли 2020 аз муассисаҳои тиббӣ 304 нафар ҷавоб дода шудаанд.