Пешгӯии сардухтури қазоқ: то моҳи май 5 ҳазор шаҳрванд мубталои коронавирус мешаванд

Вазорати тандурустии Қазоқистон тахмин задааст, ки то моҳи май теъдоди гирифторони коронавирус чӣ қадар афзоиш меёбад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Сардухтури Қазоқистон Айжан Есмагамбетов сенарияи рушди маризии коронавирус то моҳи майро пешгӯӣ намудааст.

Дар Қазоқистон як зани садсола аз коронавирус шифо ёфт
Ба изҳори вай, то авохири моҳи апрел дар сартосари Қазоқистон 3400 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус сурат мегирад.

"Ин рақам то авохири моҳи май ба 5300 нафар хоҳад расид", - тахмин намудааст сардухтур.

Мақом ҳам кумак накард: муовини вазири тандурустии Қазоқистон гирифтори коронавирус шуд

Пешгӯии сардухтур дар ҳолест, ки қаблан Вазорати беҳдошти ин кишвар ҳадс зада буд, ки то авохири моҳи май шумораи гирифторони коронавирус ба 4 000 нафар мерасад.

"Мо пешгӯиҳои қаблиро ислоҳ кардем,  зеро раванди гирифторшавӣ ба ин маризӣ зиёд аст. Аслан ҳолатҳои ворид шудани ин маризӣ аз кишварҳои ҳаммарз зиёд сурат мегирад. Дар ду ҳафтаи охир қариб 200 ҳолати аз кишварҳои ҳамсоя ворид шудани ин маризӣ ба қайд гирифта шуд", - иловав намуд сардухтур.

Ёдовар мешавем, ки дар Қазоқистон сар аз 16 - уми март дар робита ба хуруҷи коронавирус, вазъи изтирорӣ эълон гардид. Зимнан, як рӯз қабл кишвардори Қазоқистон Қосим - Жомарт Токаев вазъи изтирориро то 11 -уми май тамдид кард.