“Рӯзҳои санитарӣ”: “Корвон” баста шуд

Ҳукумати шаҳри Душанбе ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши “вируси корона” кори бозорҳои либосфурӯшии шаҳрро пурра қатъ ва дар онҳо рӯзҳои санитарӣ эълон кард.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 апр – Sputnik. Абдумаҷид Ҳакимзода, сардори Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии ҳукумати шаҳри Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин тасмим ба хотири ҳифзи сиҳатии сокинони пойтахт ва аз рӯи барномаи ҷилагирӣ аз “вируси корона” ё COVID-19 гирифта шудааст.

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ: макотиб ба таътил, содирот манъ, дари киною театр баста шавад

“Аз 30 апрел то 10 май дар ҳамаи бозорҳои либосфурӯшии шаҳр новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ рӯзҳои санитарӣ эълон гардида, фаъолияти онҳо дар ин давра пурра қатъ карда мешавад”, - гуфт Абдумаҷид Ҳакимзода.

Дар Душанбе умдатарин бозорҳои матоъу либосфурӯшӣ “Корвон” ва “Ганҷина” ба шумор меоянд, аммо Бозори дӯстии Чину Тоҷикистон ё “Хитойбозор”, “Меҳргон” ва дигар бозорҳои хурди шаҳр низ қисмату гӯшаҳои савдои ин қабил амволро доранд.

Қаблан ҳукумати шаҳри Душанбе бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз маризиҳои сироятӣ ва таъмини солимии шаҳрвандон дар пойтахт як қатор иқдомотеро ба унвони “тадбирҳои безараргардонии саросарӣ”, аз ҷумла дар ҷойҳои таҷаммуъи одамон, назири мактабу муассиса, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ ва ғайра ба роҳ монд.

Таътили макотиб: на фақат маош, балки иловапулиҳо ҳам дода мешавад

Абдумаҷид Ҳакимзода мегӯяд, ниҳодҳои зидахли шаҳрдорӣ муваззаф шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ҳамаи бозорҳои фурӯши либос дар рӯзҳои санитарӣ корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро амалӣ намоянд.

Бозорҳо дар Тоҷикистон ҳамеша макони таҷаммуъи бузурги афрод будаанд. Ба қавли шоҳидон, рӯзҳои ахир бозорҳои серодами пойтахт, қабл аз ҳама “Корвон” хеле камодам шуда, аксари тоҷирон ҳам дӯконҳои худро баста буданд.

Иттилои дигаре, ки имшабу рӯз аз Истаравшан мерасад, ривоят аз густариши маризии “пневмония” дар ин шаҳр дорад. Ба қавли мусоҳибони мо, як манбаъи шуюъи “пневмония” дар Истаравшан маҳз аз бозори ҳамеша серодами ин шаҳри таърихӣ шурӯъ шудааст.