Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Аксаран шифо меёбанд: сиҳат шудани 955 ҳазор маризи коронавирус дар ҷаҳон

Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, теъдоди шифоёфтагон аз маризии коронавирус ба фарқ аз шумораи қурбониён ба маротиб бештар аст ва аксар гирифторони ин маризӣ дар ҷаҳон шифо меёбанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт маълумоти тоза бобати теъдоди гирифторон, шифоёфтагон ва қурбониёни маризии коронавирусро мунташир намудаст.

Дар Қазоқистон як зани садсола аз коронавирус шифо ёфт
Ба гузориши ин созмон, дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 3 миллиону 138 ҳазору 413 нафар буда, аз онҳо 955 ҳазору 824 кас шифо ёфтаанд ва 217 ҳазору 985 тан вафот кардаанд. Д

Амрико ҳамоно аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус садрнишин буда, гирифтор будани 1 миллиону 35 ҳазору 765 нафар ба коронавирус  тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 59 ҳазору 266 нафар ва шумораи шифоёфтагон 142 ҳазору 238 касро ташкил медиҳад.

Дар Испания шумораи сироятёфтагон 232 ҳазору 129 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 2 706 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 23 ҳазору 822 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 123 ҳазору 903 кас шифо ёфтаанд.

Дар Италия шумораи мубталоён 201 ҳазору 505 нафар ва теъдоди фавтидагону шифоёфтагон мутаносибан 27 ҳазору 359 нафар ва  68 ҳазору 941 кас мебошад.

Путин: бояд ба ҳар гуна рушди сенарияи коронавирус омода шуд

Дар Фаронса 165 ҳазору 911 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 23 660 ҳолати фавт ва 46 886 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 161 ҳазору 145 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 21 ҳазору 678 нафар мебошад.

Тавсияи масъулини маориф дар Суғд: таътил барои пешгирии коронавирус аст, ба кӯча набароед
Дар Олмон теъдоди мубталоён 159 ҳазору 912 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 6 314 ва теъдоди шифоёфтагон 117 400 нафар мебошад.

Дар Туркия теъдоди гирифторони коронавирус ба 114 ҳазору 653 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 992 ва 38 809 нафар мебошад.

Дар Русия, ки аз рӯи шумораи сироятёфтагон аз Чин ва Эрон пеш гузашта, ба ҷойи 8-ум баромад, дирӯз 6 411 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 93 558 кас расид. Аз ин шумора 8 456 нафар табобат шуда, 867 кас фавтидаанд.

Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 90 ҳазору 481 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 710 нафар вафот кардаанд.

Шифо ёфтани 70 ҳазор гирифтори коронавирус дар Эрон

Дар Чин 82 ҳазору 858 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 633 нафар вафот намудаанд ва 77 578 кас шифо ёфтаанд.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Беларус – 12 208 ҳолат, Украина – 9 410, Молдова – 3 638, Қазоқистон – 3 063, Ӯзбекистон – 1 939, Арманистон – 1 867, Озарбойҷон – 1 717 ва Қирғизистон — 729 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

Русия аз Чин пеш гузашт: теъдоди дардмандони коронавирус ба беш аз 80 ҳазор нафар расид

То имрӯз дар Беларус  1 993 нафар, Озарбойҷон — 1 221, Молдова – 975, Украина — 992, Арманистон  – 866, Ӯзбекистон – 992, Қазоқистон – 774 ва Қирғизистон – 437 нафар шифо ёфтаанд.

Илова бар ин, дар Украина 239 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Молдова – 103, Беларус – 79, Арманистон – 30, Қазоқистон – 25, Озарбойҷон – 22, Қирғизистон – 8 ва Ӯзбекистон 8 нафар фавтидаанд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 1 828 нафар буда, 228 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 58 тани дигар вафот кардаанд.