Хисорот ба қайд гирифта нашуд: дар Тоҷикистон замин ларзид

Ба иттилои маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қувваи заминларза аз рӯи ҷадвали Рихтер дар марказ 4 ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балро ташкил дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 апрел – Sputnik. Имрӯз, соати 16:15 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон  заминларза ба қайд гирифта шуд, гузориш медиҳад "Ховар" дар истинод ба Академияи улуми кишвар.

ВМКБ - ро заминларзаи 4,5 - баллӣ такон дод
Бино бар иттилои манбаъ, маркзи заминларза 149 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии  Душанбе, дар Афғонистон ҷойгир мебошад.

"Ба иттилои маркази  зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қувваи заминларза аз рӯи ҷадвали Рихтер дар  марказ 4 ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балро ташкил дод", - омадааст дар хабарнома.

Дар натиҷаи заминҷунбӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

Чанде пеш дар Бадахшон низ ҷунбиши замин ба қайд гирифта шуда буд. Бино бар иттилои коршиносон, қувваи заминҷунбӣ 5,4 баллро ташкил медод.