Натиҷаи ташхиси падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов маълум нест: ӯ дар бемористон аст

Падар ва сармураббии қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо аломатҳои илтиҳоби шуш ба бемористон мунтақил шудаст ва феълан таҳти назорати пизишкон қарор дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Абдулманап Нурмуҳаммадов падари қаҳрмони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммедов феълан дар бемористони Махачқалъа қарор дорад.

Аз пешгӯии Ҳабиб то норозигии Конор: размикорон дар бораи коронавирус гуфтанд

Бар хабари ТАСС, Нурмуҳаммадови бузургӣ бо нишонаҳои илтиҳоби шуш ба бемористон интиқол ёфт ва алъон таҳти назорати табибон қарор дорад.

Ҳабиб мусалмононро бо моҳи Рамазон табрик гуфт: "бояд бо бадӣ мубориза барем"

Хабари бемор шудани ӯро шореҳи варзиш Рамазон Рабаданов расонаӣ намуд.

"Вай бемор шуд. Эҳтимол гирифтори илтиҳоби шуш шудааст. То ҳол натиҷаи ташхиси ӯ дақиқ нашудааст.Ӯро ба беморхонаи дуюми шаҳрии Махачқалъа интиқол доданд", - изҳло дошт Рабаданов.

Қобили зикр аст, ки Абдулманап соли гузашта ҷарроҳии қалбро паси сар кард.

Зимнан, бояд гуфт, ки дар Доғистон алъон 827 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст, ки аз ин миён 48 нафар шифо ёфта, 11 маризи дигар ба ҳалокат расиданд.