Ҳалокати комиссари ҳарбии шаҳри Гулистон дар садамаи нақлиётӣ

Манучеҳр Шокиров, комиссари ҳарбии шаҳри Гулистон дар пайи садамаи нақлиётии мудҳише, ки дар  шоҳроҳи Хуҷанд – Истаравшан рух дод ба ҳалокат расидааст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Аз Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, яке аз ҳашт нафари фавтида дар садамаи нақлиёт Манучеҳр Шокиров, комиссари ҳарбии шаҳри Гулистон мебошад.

Садамаи маргбор дар Панҷакент: писари 12 сола зери чархи мошин ба ҳалокат расид

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса нимаи рӯзи 25-уми апрел дар километри 245 -уми роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ воқеъ дар ҳудуди даромадгоҳи шаҳри Истаравшан рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, Шокиров Манучеҳр, сокини ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба  шаҳри Хуҷанд, дар роҳи мошингарди Душанбе -Чанок аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Opel -Vectra”, таҳти идораи Хоҷамуродов Бахтиёр, сокини дигари ноҳияи Зафаробод, бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, дар пайи ин садама ронандаву мусофирони ҳарду мошин, ҷамъ 8 нафар ба ҳалокат мерасанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ дар шарҳи расмии ин садама гуфт, таҳқиқ идома дорад.