ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Тибқи иттилои вебсайти Worldometers, ки маълумотҳои нав дар мавриди маризии коронавирусро ҷамъоварӣ менамояд, Русия аз лиҳози шумораи дармандони ин беморӣ аз Чин пеш гузаштааст.
Ба иттилои манбаъ, то 27 апрел дар Русия 87 147 нафар ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд. Танҳо дар рӯзи охир дар кишвар қариб 6,2 ҳазор ҳолати нави сироятшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.
Нахустин ҳолати сироятшавӣ ба коронавирус дар Русия ҳанӯз 31 - уми январ дар вуҷуди ду шаҳрванди Чин ошкор гардида буд.
Ба ҳамин минвол, Русия дар феҳрасти кишварҳои олудаи маризии коронавирус як зина поён, дар мақоми 9 - ум ҷой гирифт. Чин бошад мақоми қаблии Русияро аз худ намуда, ҷойи 10 - умро касб кард.
Охирин омор: Гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 3 миллион наздик шуд
Амрико ҳамоно дар ин рейтинг пешсаф буда, мубтало гардидани 100 ҳазор амрикоӣ ба коронавирус таъйид шудааст. Дар ҷои дуюм Испания бо 226,6 ҳазор бемор ва Италия бо 197 ҳазор мариз дар мақоми сеюм ҷой гирифтааст.