Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

ВКД: ба овозаи аз коронавирус мурдани одамон дар Тоҷикистон бовар накунед

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон менависад, ин хабару овозаҳо иғвое беш набуда, то ҳол дар қаламрави Тоҷикистон коронавирус нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар муроҷиат ба шаҳрвандони кишвар хостааст, ки сокинон ба ҳар гуна овозаҳои таҳдиди коронавирус ба кишвар бовар накунанд.

Супориши Олимзода ба масъулин барои ташхис ва табобати фаврии беморони илтиҳоби шуш

"Бо истифода аз фурсат ба шаҳрвандон муроҷиат карданием, ки ба хабару овоза ва ҳаргуна иғво, ки гӯё дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ё он нафаре аз бемории коронавирус ба ҳалокат расида бошад, бовар накунед", - менависад манбаъ.

ВКД ёдрас шудааст, ки коронавирус дар Тоҷикистон то ҳол ба қайд гирифта нашудааст.

"Бори дигар ёдрас месозем, ки ҶТ ба истиснои як ду кишвари дигар ягона мамлакатест, ки дар он бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва чунин хабари хушҳолкунандаро на мо соҳибватанон, балки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пайваста эълон медорад", - афзудааст манбаъ.

Вазорати тандурустӣ: 4 кас аз илтиҳоби шуш фавтид, вазъи чанд нафари дигар вахим аст

Ёдрас мешавем, чанд рӯзи ахир хабари аз илтиҳоби шуш фавтидани чанд тан дар Тоҷикистон, сокинонро нигарон кард ва гумонҳоро дар бораи бурузи коронавирус дар Тоҷикистон дучанд намуд. Аммо Вазорати тандурустӣ борҳо такрор ба такрор исрор намуд, ки то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар ҷумҳурӣ тасдиқ нашудааст.