Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 1862 нафар расид

То имрӯз, 26 апрел дар Ӯзбекистон аз маризии коронавири навъи COVID -19 ҳашт нафар фавтида, 707 нафар шифо ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Дар Ӯзбекистон шумораи гирифторони бемории коронавирус афзудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ дар давоми рӯзи шанбе дар кишвар 58 кас гирифтори коронавирус шуд. Ҳамин тавр, шумораи умумии беморони коронавирус дар кишвар ба 1862 нафар расид.

"Дар Ӯзбекистон шумораи сироятшудагон ба маризии коронавирус 1862 нафарро ташкил медиҳад", - қайд карданд дар Вазорат.

Расонаҳо: Беморхонаи марказии Суғд карантин шуд

Қайд мешавад, ки шумораи гирифторони вирус рӯз аз рӯз афзоиш мекунад. Аз ҷумла рӯзи 23 апрел шумораи гирифторони ин маризӣ 42 нафар бештар шуду, рӯзи 24 апрел 46 каси дигар ба ин беморӣ гирифтор шуд.

Фонди ҳамсари Мирзиёев дар моҳи Рамазон ба занони ниёзманд 5 миллиард сум ҷудо кард

Вазорати тандурустӣ қайд мекунад, ки то имрӯз дар Ӯзбекистон ҳашт нафар аз ин коронавирус ҷон бохта, 707 кас шифо ёфтааст. Илова бар ин 85 ҳазор нафари дигар дар карантин боқӣ мемонанд.

Ҳукумати кишвар аз 1 апрел дар саросари Ӯзбекистон карантин эълон кард. Ашхоси аз 65 сола боло ҳуқуқи берун баромаданро надоранд. Хонашинӣ то 10 майи соли ҷорӣ давом мекунад.