Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Шумораи гирифторони коронавирус дар Русия ба 81 ҳазор нафар расид

Дар Русия шумораи гирифторони коронавируси навъи COVID - 19 дар ҳоли афзоиш аст ва инак ба 81 ҳазор нафар расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Русия 6 ҳазору 361 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт гардидааст, хабар медиҳад ситоди фаврӣ.

Ҳолатҳои нави гирифторӣ ба маризии COVID - 19 дар 83 минтақаи Русия ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 1862 нафар расид

Бино ба омори охир, то 26 апрел дар ҳудуди Русия 80 ҳазору 949 кас ба бемории коронавируси навъи COVID - 19 гирифтор шудааст.

Беш аз 800 ҳазор: теъдоди шифоёфтагон аз коронавирус рӯ ба афзоиш аст

Дар ситоди фаврӣ қайд карданд, ки бештари ҳолатҳои нави сироятшавӣ дар Маскав ба қайд гирирфта шудааст. Дар давоми рӯзи гузашта дар пойтахти Русия, 2971 кас мубталои коронавирус шудааст.

Боз зиёд шуд: наздики 6 ҳазор ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус дар Русия

Дар вилояти Маскав 576 нафар ба беморӣ гирифтор шуда, дар пойтахти шимолии кишвар шаҳри Санкт-Петербург 151 кас аз коронавирус сироят шудааст.

 

Манбаъ афзуда, ки то имрӯз аз бемории коронавирус дар Русия, 747 нафар ба ҳалокат расида, 6767 кас шифо ёфта аз бемористонҳо мураххас шудаанд.