Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Песков гуфт, Русия чӣ гуна аз қарантина мебарояд

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков масъалаи бозгашти зиндагии мардуми Русия ба ҳолати муқаррариро шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Русия марҳила ба марҳила аз чораҳои маҳдудкунанда барои мубориза бар зидди коронавирус хоҳад баромад, гуфт сухангӯи президанти Русия Дмитрий Песков.

Песков афзуд, вале он марҳилаҳоро бояд муайян кард.

Шумораи гирифторони коронавирус дар Русия ба 81 ҳазор нафар расид

"Маълум аст, ки баромадан аз ин вазъият марҳила ба марҳила сурат хоҳад гирифт. Вале он марҳилаҳоро бояд барномасозӣ кард", - гуфт Дмитрий Песков дар барномаи "Москва, Кремл, Путин" - и шабакаи "Россия 1".

Шумораи гирифторони коронавирус дар Русия ба 81 ҳазор нафар расид

Бино ба омори охир, то 26 апрел дар ҳудуди Русия 80 ҳазору 949 кас ба бемории коронавируси навъи COVID - 19 гирифтор шудааст.