Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар табобатхонаҳои Вуҳани Чин ягон бемори коронавирус намонд

Чин оҳиста - оҳиста карантинро мебардорад ва табобатхонаҳояш аз маризони коронавируси навъи COVID - 19 озод мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Дар беморхонаҳои Вуҳани Чин - маркази пайдоиши коронавируси навъи COVID - 19 ягон бемор намондааст, изҳор дошт, намояндаи расмии Кумитаи давлатии тандурустӣ, Ми Фэн.

"Ба шарофати кӯшиши табибони Вуҳан ва кумаки ҳамаи пизишкони Чин рӯзи 26 апрел дар беморхонаҳои Вуҳан ягон маризи коронавирус намонд", - гуфт Ми Фэн зимни нишасти хабарӣ.

Пештар хабар дода шуд, ки то 25 апрели соли 2020, аз рӯзи аввали ҳамагирӣ, дар вилояти Ҳубей 68 128 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус  (50 333 - дар Вуҳан), ба қайд гирифта шуд.

Вуҳан аз карантин озод шуд

Номгӯи давлатҳое, ки дар он коронавирус нест: бештарашон ҷазираҳоянд

Дар баробари ин 63 604 кас аз ин маризӣ шифо ёфта, 4 512 кас (дар Вуҳан 3869 ) ҷон бохт.

Пирӯзии Чин бар вируси марговар: коронавирус дар ин кишвар дигар паҳн намешавад

Хабар дода шуд, ки дар Вуҳан ҳамагӣ 12 бемори коронавирус мондааст.