Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Эрон 68 ҳазор дардманди коронавирус шифо ёфтанд

Вазорати тандурустии Эрон бо ишора ба он ки дар кишвар тақрибан 89 ҳазор беморони гирифтори коронавирус ҳастанд, эълом кард, ки то имрӯз 68193 нафар аз ин сироят шифо ёфтаанд ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Мудири хадамоти матбуотии вазорати тандурустии Эрон зимни ҷамъбасти натиҷаҳои эпидемияи коронавирус қайд кард, ки дар давоми 24 соат дар кишвар 1134 ҳолати нави сироятшавӣ ба  коронавирус ташхис шудааст.

Эрон эълон кард дар кишвар наздик ба 65 ҳазор нафар аз коронавирус шифо ёфт
Ҳамчунин ба ишораи мудири хадамот, дар Эрон 89 328 беморони коронавирус ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳамзамон, доктор Киёнуш Ҷаҳонпур илова кард, ки дар як шабонарӯз 76 нафар  маризи коронавирус  дар Эрон фавтиданд. Ба ин минвол, талафоти умумӣ аз эпидемия дар ин кишвар ба  5650 нафар баробар шудааст.

Эрон: наздик ба 60 ҳазор нафар аз коронавирус беҳбуд ёфт

Ёдовар мешавем, ки шумораи беморони гирифтори коронавирус дар ҷаҳон аз 2,8 миллион нафар зиёд аст. Ҳадди аққал 197 ҳазор мариз фавтида, беш аз 809 ҳазор нафар шифо ёфтанд ва аз беморхонаҳо бароварда шуданд.