Дана Уайт гуфт, ки Ҳабиб кай ба майдон мебарояд

Муҳорибаи наздиктарини размикори Доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов на дертар аз моҳи сентябри соли 2020 баргузор хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар ин бора Уайт зимни як мусоҳиба бо ESPN гуфтааст, ки муҳорибаи навбатии Нурмуҳаммадов моҳи сентябр-октябри соли 2020 баргузор хоҳад шуд.

Ҳабиб мусалмононро бо моҳи Рамазон табрик гуфт: "бояд бо бадӣ мубориза барем"

Ҳамин тариқ, таваққуфи муҳориба дар карераи қаҳраомни UFC тақрибан як сол мешавад. Дар ин бора раҳбари UFC Дана Уайт хабар дод.

Ёдовар мешавем ахиран муҳорибаи Ҳабиб моҳи сентябри соли 2019 Дастин Поре доир шуда буд.

Тибқи тарҳрезии пеш 18 апрел Ҳабиб бо Тони Фергюсон мебоист дар доираи UFC 249 рақобат кунанд, аммо ин чорабинӣ бинобар сабаби паҳншавии коронавирус лағв шуд ва пеш аз он UFC ба ҷойи Ҳабиб барои Фергюсон рақиби нав пайдо кард.

Аммо рӯзи ҷумъаи гузашта маълум шуд, ки ин мусобиқа 9 май дар Ҷексонвил баргузор мешавад. Ба ҷои Нурмуҳаммадов, Фергюсон бо Ҷастин Гэтҷӣ рақобат хоҳад кард.

Падари Ҳабиб гуфт, дороии писараш дар тӯли фаъолияташ чӣ миқдор шуд

Қаблан худи Ҳабиб Нурмуҳаммадов низ гуфта буд, ки дар моҳи шарифи Рамазон рӯза мегирад ва дар ин давра дар ягон рақобат ширкат намекунад.

Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки пас аз доштани рӯза дар давоми 45 рӯз барои барқарор шудани вазнаш лозим аст. Ҳамин тавр, рақобати навбатии варзишкор дар давраи тирамоҳ хоҳад гузашт.