Бо дастури Мирзиёев: қарантин дар ду вилояти Ӯзбекистон бардошта мешавад

Бо дастури раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ду вилояти ин кишвар марҳила ба марҳила аз қарантин бароварда мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дастур додааст, ки  қарантин марҳила ба марҳила аз Вилоятҳои Фарғона ва Қашқадарё бардошта шавад, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури инкишвар.

Кӯмаки Чин ба Ӯзбекистон: пизишкони чинӣ барои мубориза бо коронавирус ба Тошканд расиданд
Дар ҷаласаи видеоӣ қайд шуд, ки дар вилояти Фарғона, 120 нафар ва дар вилояти Қашқадарё, шаш нафар ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардиданд.

Мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон аз 1,5 ҳазор гузаш: 74 ҳолат давоми як шабонарӯз

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар давраи қарантин дар 10 ҳазор корхонаи Фарғона ва 11 ҳазор корхонаи Қашқадарё истеҳсолот якбора коҳиш ёфт, ки ин вазъ шумораи бекоронро ба маротиб афзун намуд. Афзоиши бекорӣ дар ҳолест, ки 56 ҳазор оила дар Фарғона ва 91 ҳазор оила дар Қашқадарё ҳамчун эҳтиёҷманд ба қайд гирифта шудаанд.

Бо даъвати Мирзиёев: табибони чинӣ барои мубориза бо коронавирус вориди Ӯзбекистон шуданд

Дар ҳамин ҳол, Мирзиёев ба ҷоннок намудани кор дар корхонаҳои истеҳсоли озуқаворӣ ва  кишти заминҳои бекорхобида таъкид намуд.

Бояд гуфт, ки ба ҳолати 25 - уми апрел дар Ӯзбекистон 20 ҳолати нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст. Ҳамакнун теъдоди умумии дардмандон дар ин кишвар ба 1778 нафар расидааст.