Насби соати бузург дар шаҳри Бохтар - видео

Соатманора бо баландии 15 метр ва сутунпояи 5 метра сохта шудаааст. Ин сеюмин соати бузург дар Тоҷикистон мебошад, дутояш дар пойтахти кишвар ҷойгир аст
Sputnik

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар хиёбони Ваҳдати шаҳри Бохтари вилояти Хатлон соатманораи бузург бунёд гардид.

Қоҳир Расулзода аз рафти кори таҷдид ва навсозии роҳи Душанбе - Бохтар шинос шуд

Соатманора бо баландии 15 метр ва сутунпояи 5 метра сохта шуда, аз чор гӯшаи шаҳр баръало намудор аст, хабар медищад АМИТ "Ховар" бо истинод ба шуъбаи таҳлилию иттилоотии раиси вилояти Хатлон.

Гуфта мешавад, ки иншоот бо фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бунёд карда шуда, атрофи он бо гулҳои рангоранг оро ёфтааст.

"Айни замон соатманораи шаҳри Бохтар намунаи беҳтарини санъати меъморӣ  дониста шуда, ба ҳусни шаҳр зиннати бештар зам намудааст", - омадааст дар хабарнома.

Дар сохтани сутунпояи иншоот маҳсулоти ватанӣ истифода ва он бо тарзи меъмории миллӣ сохта шудааст.