Ҳодисаи маргбор дар Хуҷанд: ронанда Нозияро пахш кард

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд кардааст, ки ронанда аз беэҳтиётӣ духтарчаи панҷ соларо дар назди нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиётӣ ба номи “AUTO SPО” пахш намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин ҳодисаи нохуш субҳи 23-юми апрели соли равон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд сурат гирифтааст.

Сокини 37 - солаи Хуҷанд қасдан ҳамсари собиқ ва писари ноболиғашро бо мошин пахш намуд

Тибқи иттилои манбаъ,  ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ҳайдаров Усмонҷон Шарифович, соли таваллудаш 1998, сокини кӯчаи Д.Раҳимоваи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ба қафо ҳаракат кардани мошинаш аз назди нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиётӣ ба номи “AUTO SPO”, воқеъ дар маҳаллаи 34-уми шаҳри мазкур, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди хурдсол, Хайруллоева Нозия Ҳомидовна, соли таваллудаш 2015, сокини шаҳри Хуҷандро пахш намудааст.

“Дар натиҷа, хурдсол Хайруллоева Нозия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, таъкид кардааст ВУД Тоҷикистон.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия шаҳри Хуҷанд нисбати ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз марги як ноболиғи 12-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сучинаи шаҳри Панҷакент хабар дода буд. 

Дар Исфара ронанда дучархарони мастро пахш намуд

Бино бар иттилои манбаъ, санаи 19-уми апрели соли 2020, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ворисов Зафар Маҳмудович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи деҳаи Дашти Маллаи ҷамоати деҳоти Сучинаи шаҳри мазкур аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромад.

Номбурда рамаи гӯсфандонро пахш намуда, сипас ҳаракатро идома дода, пиёдагарди ноболиғ, Селеванов Далер Уктамович, соли таваллудаш 2008, сокини ҷамоати деҳоти Сучинаи ҳамин шаҳрро пахш намудааст. 

Дар натиҷа ноболиғ, Селеванов Д.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.