Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дизенфексия ва ғизои ройгон: рӯзгори мардуми Кобул дар замони коронавирус - 16 акс

Sputnik

Дар кишвар то 9 май қарантина эълон шудааст. Ба шаҳрвандон бе зарурат баромадан аз манзилҳояшон манъ гардида дар Кобул умуман роҳҳо баста шудаанд.

Даҳҳо корманди дастгоҳи раисҷумҳури Афғонистон гирифтори коронавирус шудаанд

Дар Кобул корҳои безараргардонӣ идома дорад, вале чуноне аз аксҳо дида мешавад, на ҳамаи сокинон чораҳои пешгирикунандаро риоя мекунанд.

Дар қисми марказии Афғонистон ҳамаи ҷойҳои ҷамъиятӣ аз қабили боғҳои истироҳатӣ, қаҳвахонаҳо, майдонҳои варзишӣ баста шуданд. Танҳо мағозаҳо кушодаанд.

Парлумони Афғонистон барои мубориза бар зидди вабои аср - коронавирус ба ҳукумати Русия муроҷиат кард.

Бино бар омори охир то рӯзи 24 апрел дар Афғонистон 1226 ҳолати гирифторӣ (50 ҳолат дар як рӯз) ба қайд гирифта шудааст.

Пештар Вазорати беҳдошти Афғонистон пешгӯӣ кард, ки дар ҳолати кунунӣ 80 дарсади аҳолии кишвар ба маризии коронавирус гирифтор хоҳад шуд ва 110 ҳазор кас ҷони худро аз даст хоҳад дод.

1 / 16
Мардон дар назди мағозае дар шаҳри Кобул. Афғонистон.
2 / 16
Марде бо ниқоб зимни тақсими ғизои ройгон ба одамони ниёзманд дар Кобул.
3 / 16
Дезинфексияи дасти роҳгузарон дар кӯчаҳои Кобул.
4 / 16
Марде бо ниқоби муҳофизатӣ савори дучарха дар роҳҳои Кобул.
5 / 16
Кормандони хадамоти миллии Афғонистон дастони роҳгузаронро безарар мегардонанд.
6 / 16
Коргарон дар бозори баста дар Кобули Афғонистон.
7 / 16
Дар Кобул дастони роҳгузаронро бо маҳлули вижа безарар мегардонанд.
8 / 16
Савдо дар пешорӯи оғози моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Кобул.
9 / 16
Марди бехона дар назди яке аз мағозаҳои Кобул чой менӯшад.
10 / 16
Халтаҳо бо ғизои ройгон барои мардуми ниёзманд дар шаҳри Кобул.
11 / 16
Сокинони маҳаллӣ халтаи ғизои ройгонро, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ба мардуми ниёзманд дода мешавад, бо ароба ба хона мебарад.
12 / 16
Занони Афғонистон дар интизори кумак аз ҳукумат дар Кобул.
13 / 16
Занони Афғонистон дар интизори ғизои бепул дар Кобул.
14 / 16
Акси марде дар оина дар Кобул.
15 / 16
Навбатпоии коргарон барои ғизои ройгон дар Кобул.
16 / 16
Корманди хадамоти хариди Афғонистон дар кӯчаҳои Кобул.