Мусобиқаи лағвшудаи UFC 9 май дар Флорида баргузор мешавад

Мусобиқаи UFC 249 мебоист рӯзи 18 апрел дар Бруклин баргузор мешуд. Муборизаи асосии ин мусобиқа барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ миёни Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Тонӣ Фергюсон эълон шуда буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik.  Мусобиқаи UFC 249  ки қаблан бинобар сабаби паҳншавии коронавирус лағв шуда буд, санаи 9 май дар Флорида баргузор мешавад.

Баргузории мусобиқаи UFC лағв шуд: Дана Уайт гуфт, ба ӯ аз боло занг заданд

Дар ин бора MMA Figthing, дар такя ба манобеаш аз раҳбарияти ин лига иттилоъ додааст.

Аммо ба иттилои манбаъ макони баргузории мусобиқа то ҳол аниқ нашудааст.

Қаблан Дана Уайт президенти UFC аз лағви баргузории ин мусобиқот хабар дода буд. Ҳарчанд то лаҳзаҳои охир ӯ талош кард ин чорабиниро доир намояд, аммо бинобар сирояти баланди  коронавирус дар ИМА ин мусобиқаро низ барҳам зад.

Дана Уайт дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, барои доир накардани ин мусобиқа ба ӯ аз сатҳи аз ҳама боло занг задаанд.

Дидори асосии ин мусобиқа рақобати  Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Тонӣ Фергюсон буд, ки мебоист 18 апрел дар доираи UFC 249 дар Бруклин вориди октагон мешуданд. Вале дар паи хуруҷуи коронавирус дар шаҳри Ню-Йорк баргузории ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ манъ карда шуданд.

Муҳорибаро мехоҳанд бе Ҳабиб гузаронанд: UFC барои Фергюсон рақиби нав меҷӯяд

Дар ин росто Ҳабиб ҳамроҳи тимаш Амрикоро тарк кард, чун тамрингоҳе, ки варзишкор дар он машқ мекард, баста шуд ва ҳаминтавр UFC барои Фергюсон рақиби нав Ҷастин Гэдҷиро интихоб кард.

Агар мусобиқи UFC 249 санаи 9 май доир шавад дидори асосии он рақобати Фергюсон ва Гэдҷӣ хоҳад буд.