Дастури шаҳрдори Хуҷанд барои захираи 10 миллион ниқоб баҳри пешгирӣ аз қимматшавии нарх

Маъруф Муҳаммадзода ба раҳбарони корхонаиҳои нассоҷии шаҳри Хуҷанд дастур додааст, ки 10 миллион ниқоби тиббӣ захира намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба роҳбарияти корхонаҳои нассоҷии шаҳр дастур дод, ки баҳри пешгирии қиматшавии нарх ва дар вақти зарурӣ пешниҳоди аҳолӣ намудани ниқобҳои тиббӣ истеҳсоли ин навъи маҳсулот зиёд карда шуда, то 10 миллион дона ниқоби тиббӣ захира карда шавад.

Шалвор ниқоб мешавад: ширкатҳои Тоҷикистон ба тавлиди ниқобу либоси хоси тиббӣ рӯ оварданд

Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд, Маъруф Муҳаммадзода ин нуктаро зимни боздид аз “Нассоҷи Хуҷанд” изҳор доштааст.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва тадбирандешиҳо ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ амалӣ карда мешавад.
Манбаъ мегӯяд, дар ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд”, ки ба истеҳсоли матоъҳои хушсифати пахтагин машғул аст, айни замон 3 намуди ниқобҳои тиббӣ бо истифода аз дока ва хомсуф тайёр карда мешаванд. Корхона дорои иқтидори бузург буда, метавонад миллионҳо дона ниқоби тиббиро истеҳсол ва вориди фурӯшгоҳҳо созад.
“Алҳол дар як шабонарӯз ин корхона то 4000 дона ниқобҳои муҳофизатӣ истеҳсол намуда, истодааст, ки рӯзҳои наздик ҳаҷми истеҳсоли он бо ба роҳ мондани сехҳои нав дучанд меафзояд”,-афзудааст манбаъ.

Тоҷикистон ба Италия 11 миллион ниқоб содир мекунад

Гуфта мешавад, ниқобҳои истеҳолшавандаи ин корхона бисёркарата буда намиро намегузаронад ва зимни шустушӯйи он фарсуда намегардад, хусусияти худро гум намекунад. Нархи фурӯши ин ниқобҳо дар корхонаи мазкур 1 сомонию 50 дирам ва 1 сомонию 65 дирам муайян гардидааст. Мизоҷон метавонанд ин гуна ниқобҳои муфиди сифатан тоза ва арзонро аз худи коргоҳ дастрас намоянд.
Маъруф Муҳаммадзода ҳамчунин аз корхонаҳои “Зиннат” киз ки ба истеҳсоли маводҳои тиббӣ машғул аст дидан карда, дастуру супоришҳо додааст.