Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон: рақобати "Хуҷанд" ва "Куктош": навори пурраи бозӣ

Дар Тоҷикистон Қаҳрамонии кишвар оид ба футбол баргузор мешавад: рақобат миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Куктош" ҳамакнун ҷараён дорад
Sputnik

Бозии миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Куктош" - ро шабакаи Федератсияи футболи Тоҷикистон пахш кардааст.

Футболи Тоҷикистонро мустақиман дар Урупо тамошо мекунанд

Рақобати миёни дастаҳо дар майдони марказии Душанбе баргузор мешавад.

Ба далели он ки дар ҳудуди Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, бозиҳои Лигаи олии мамлакат аз рӯи нақша баргузор мешаванд. Аммо бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон бозиҳо дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошобинон доир мегарданд. Ҳаводорони футбол бозиҳоро тариқи телевизион тамошо мекунанд.

Бозии даври сеюми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи  "Истиқлол2-и Душанбе ва "Хатлон"-и Бохтар ҳам бо шиори «Қавӣ бошед, мардумони бародар! Мо барои шумо ва барои тамоми ҷаҳон дуогӯем», шурӯъ шуд.

Ҳамчунин барои дастгирии табибони тамоми ҷаҳон, ки муқобили пандемияи коронавирус мубориза мебаранд, дар минбари шимолии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ овезае бо навиштаҷоти "Шумо қаҳрамонони воқеии даврони моед" гузошта шудааст.