ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад маркази зилзилашиносии Фарҳангистони Қазоқистон.
"Қувваи заминларза 4,5 баллро ташикл дод", - омадааст дар хабарнома.
Заминҷунбӣ соати 04 :24 бо вақти маҳаллӣ рух додааст.
Маркази заминларзаи 4 баллӣ, дар манотиқи куҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ, 300 километр дуртар аз Душанбе воқеъ шудааст.
Се рӯз пеш низ дар Тоҷикистон заминҷунбии 4-баллӣ ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза, ки рӯзи 20 апрел, соати 13: 16 бо вақти маҳаллӣ рух дод, 130 километр ҷанубу - шарқтар аз шаҳри Душанбе, дар ноҳияи Сангвор воқеъ буд.
Ҳамчунин рӯзи 26 март, Тоҷикистонро заминларзаи 5 - баллӣ такон дода буд.
Маркази заминҷунбӣ дар шаҳраки Шайдон воқеъ буд.
Дар баробари ин заминҷунбии Тоҷикистонро дар Ӯзбекистону Қирғизистон низ эҳсос карданд. Дар кишвраҳои ҳамсоя қувваи заминларза 3 - баллро ташкил дод.