Қоҳир Расулзода аз рафти кори таҷдид ва навсозии роҳи Душанбе - Бохтар шинос шуд

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи Лоиҳаи навсозии роҳи Душанбе - Бохтар шинос шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Имрӯз, 21 апрел сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳи Душанбе-Бохтар шинос шуд, хабар медиҳад агентии Ховар.

Қоҳир Расулзода ба соҳибкорони Хатлон туҳфаҳо тақдим кард

Бар хабари манбаъ, татбиқи лоиҳаи мазкур моҳи октябри соли 2018 оғоз гардида, анҷоми он тирамоҳи соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, дар сафар Сарвазири мамлакатро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарони як зумра вазорату идораҳо ҳамроҳӣ намуданд.

Супориши вижаи Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот ба Вазорати фарҳанг

Зикр шуд, ки маблағи умумии марҳилаи якуми лоиҳа ба ҳолати 20 апрел 107,5 миллион доллари америкоиро ташкил дода, аз ин ҳисоб 90 миллион доллари америкоӣ гранти Бонки Осиёгии Рушд ва 17,5 миллион доллари америкоӣ ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ба иттилои манбаъ, бо дастури Сарвазири мамлакат дар доираи лоиҳаи "Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар" марҳилаҳои 1 ва 2 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шафати роҳ 2220 бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шудаанд.