Вазорат ба сокинон: таби баланду сулфаи хушк... доред, фавран ба табиб занг занед

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овардааст, ки ҳангоми дар худ мушоҳида кардани яке аз нишонаҳои "коронавирус" фавран ба табиб муроҷиат кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар ҳолати мушоҳида гардидани аломатҳои таби баланд, сулфаи хушк, сӯзиши қафаси сина ва ғайра дар ҷисми хеш фаврӣ ба табиби оилавӣ ё минтақавии маҳалли зисти хеш занг зананд ва онҳоро ба хонаашон даъват намоянд.

На танҳо таб ва сулфа: нишонаҳои нави коронавирус маълум шуданд

Ин ниҳод ба шаҳрвандон таъкид кардааст, ки дар ҳолати  ташриф овардани табибони оилавӣ дарди худро пинҳон надошта, ба онҳо аз вазъи саломатии худ ва аҳли оилаашон ошкоро ҳарф зананд, зеро пинҳон доштани беморӣ ба  ҳолатҳои фавт оварда мерасонад.

Қаблан Мирмуҳаммад Камолзода, муовини вазири тандурустӣ гуфта буд, ки нишонаҳои асосии ин беморӣ, пеш аз ҳама таби баланд, дарди сар, дарди мушаку пайвандҳо ва дарди гулӯ буда, пасон нишонаҳои дигар, аз ҷумла осеб ёфтани роҳҳои нафас ва шушҳо ба вуҷуд меоянд, ки дар муҳлати кӯтоҳ ҳолати бемор вазнин гардида, дар  сурати ба табобат фаро нагирифтан он метавонад ба фавт оварда расонад.

Профессори тоҷик Саидбек Сатторв мегӯяд, роҳҳои гузариши ин беморӣ ҳавоӣ-қатрагӣ буда, он ҳангоми нафас гирифтан ва атсаву сулфа задан мегузарад. Ҳангоми атса ва ё сулфа задан бемор метавонад вирусро ба муҳити атроф паҳн намояд ва шахси солим дар мавриди риоя накардани масофае, ки байни шахси бемор ва солим ба андозаи на кам аз як метр муайян гардидааст, метавонад аз ин вирус сироят ёбад.

Хабари тозаи Вазорати тандурустӣ дар бораи набуди коронавирус дар Тоҷикистон

Ба гуфти ӯ, ки чунин вирусҳо ба муҳити атроф бениҳоят ҳассос мебошанд. Зимни  таъсири шуъои офтоб ва ё ҳарорати гармӣ онҳо зуд маҳв мешаванд, вале дар сардӣ муддати якчанд соат дар муҳити атроф боқӣ монда, дар сурати риоя накардани гигиенаи шахсӣ кас метавонад ба он гирифтор шавад.

Нишонаҳои асосии коронавирус  ба гуфти олими тоҷик, ҳарорати баланд, дарди сар, дарди мушаку пайвандҳо, дарди гулӯ, бемадорӣ ва пайдошавии оризаҳои сафед дар забон мебошанд. Дар  натиҷаи чунин нишонаҳо роҳҳои нафас ва шуш осеб ёфта, дар муҳлати кӯтоҳ ҳолати бемор вазнин мегардад.Яъне дар ҳолати ба ин беморӣ гирифтор шудан душвор  шудани нафаскашӣ,  нарасидани ҳаво ба мушоҳида мерасад.