Партоби мушакҳои зидди жола дар Тоҷикистон

Кормандони Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи зироати кишоварзӣ ва боғҳои кишвар мушакҳои зидди жола партоб кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Бо мақсади ҳифзи зироати кишоварзӣ, боғу токзор ва бартараф кардани хавфи жола дар фазои боронии ноҳияҳои Хуросон ва Ҳисор 9 мушаки зиддижолаи "Алазан-6" партоб шуданд, хабар дод "Ховар" аз қавли Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Сатҳи оби дарёҳои Тоҷикистон баланд шуданд

Бино ба гузориши манбаъ, қисми навбатдории Кумита, 20 апрел  Хадамоти зидди жола дар минтақаҳои хавфноки жолаовар корҳои безараргардонии  зидди жола роҳандозӣ кардааст.

Дар яке аз минтақаҳои хавфнок ва жолаовари шаҳри Ҳисор 6 адад мушаки зидди жолаи навъи "Алазан 6" истифода шуданд.

"Худи ҳамин рӯз Хадамоти зидди жола дар яке аз минтақаҳои хавфноки ноҳияи Хуросон низ 3 адад мушаки зидди жолаи навъи "Алазан 6" партоб кард ва хавфи омадани жола бартараф карда шуд", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ҳамасола бо мақсади ҳифзи зироати кишоварзӣ ва боғу токзори мамлакат дар минтақаҳо зидди жола садҳо мушак истифода мешавад. Бориши жола маъмулан барои зироати кишоварзӣ зарари калон меорад.

Истифода аз мушакҳои зиддижола имкон фароҳам меорад, ки хатари мазкур бартараф карда шавад.