Натиҷаҳои даври аввали чемпионати Тоҷикистон миёни бонувони футболбоз

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз натиҷаҳои даври аввали чемпионати ҷумҳурӣ дар риштаи футбол миёни бонувон хабар дод, ки бо иштироки 10 даста давом дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон оғоз гардид, ки дар он 10 даста ширкат мекунад.

Агент Тилавпур. Кӣ футболбозони тоҷикро дар хориҷа "мефурӯшад"?

Манбаъ афзуд, дар бозии марказии даври аввал муддаиёни медалҳои тилло – “Зебонисо”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Бохтар вохӯрданд. Бозӣ бошиддат сурат гирифта, бо пирӯзии бохтариҳо бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаро Муҳайминаи Гулаҳмад ба ҳадаф расонд.

Кумитаи миллии олимпӣ илова намуд, ки бо ҳисоби 1:0, ҳамчунин “Зебо” бар “Регар-ТадАЗ”, “Барқ” бошад, бар тими “Равшан” ғолиб омад.

Дар даври аввал футболбоздухтарони “Чашма” дастаи “Панҷшер”-ро бо ҳисоби калони 6:1 шикаст доданд. “Бешкент” ба дарвозаи “Ҳосилот” 2 голи беҷавоб зад.

Кумитаи миллии олимпӣ хотиррасон кардааст, ки чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон дар ду марҳила сурат мегирад, ки ҳар даста бо дигар дастаҳо дар хона ва сафар вомехӯранд. Ҳар даста дар мавсими нав 18 бозӣ анҷом медиҳад.