ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Коронавирус дари масҷидҳои Макка ва Мадинаро баст ва имсол дар моҳи Рамазон гузоштани панҷ вақт намоз дар ин ду ибодатхона манъ аст, хабар медиҳад шабакаи Al Arabiya.
"Ифтитоҳи ду зиёратгоҳ ба вақти моҳи шарифи Рамазон ҳамчун як қисми чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии маризии коронавирус ба таъхир афтодааст", - омадааст дар хабар.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Саудӣ 20 март масҷидҳоро дар Макка ва Мадина бастанд. Омили баста шудани масоҷид пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус мебошад.
Дастури шоҳ: омаду рафти шабона дар сартосари Арабистони Саудӣ манъ шуд
Қаблан ҳукумати Арабистони Саудӣ аз тамоми мусалмонони дунё даъват намуд, ки дар замони ҳассос, ки маризии коронавирус ҷаҳонро ба танг овардааст, аз сафар ба Ҳаҷ худдорӣ кунанд.
Муҳаммад Солеҳ бин Тоҳир, вазири ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ ба телевизиони Ал-Ахбория гуфтааст, ки кишвараш омодаи қабули зоирон ва хизматгузорӣ ба онҳо аст, аммо ҳифзи саломатии зоирон барои Арабистон ниҳоят муҳим мебошад.
Қобили зикр аст, ки сар аз 27 - уми феврал вуруди хориҷиҳо аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон низ барои адои Ҳаҷи Умра ба Арабистони Саудӣ боздошта шуд.