ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Бинобар охирин омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт, шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 2 миллиону 481 ҳазору 541 нафар расид.
Аз ин теъдод шумори шифоёфтагон ба 647 ҳазору 744 нафар ва фавтидагон ба 170 ҳазору 439 кас баробар шуд.
То субҳи 21 апрел дар ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 ба 2 миллиону 481 ҳазору 541 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон ба 647 ҳазору 744 нафар ва фавтидагон бошад 165 ҳазору 69 тан баробар шудааст.Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 792 ҳазору 913 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 42 ҳазору 517 нафар ва шумораи шифоёфтагон 72 ҳазору 389 касро ташкил медиҳад.Дар Испания шумораи сироятёфтагон 200 ҳазору 210 нафар буда, 20 ҳазору 852 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 80 ҳазору 587 кас шифо ёфтаанд.
Дар Италия 181 ҳазору 228 нафар ба ин беморӣ гирифтор ва 24 ҳазору 114 нафар фавтидаанд. Дар Франсия 155 ҳазору 383 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 20 265 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
Дар Олмон теъдоди мубталоён 147 ҳазору 65 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 4 862 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 124 ҳазору 743 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 16 ҳазору 509 нафар мебошад.
Туркия ва Эрон низ аз рӯи шумораи гирифторон аз Чин пеш гузаштанд. Дар Туркия теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба 90 ҳазору 980 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 140 ва 13 430 нафар мебошад.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 83 ҳазору 505 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 209 нафар вафот кардаанд.
Дар Чин 82 ҳазору 758 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 632 нафар вафот намудаанд.
Баъд аз Чин Россия қарор дорад, ки дар он шумораи умумии мубталоён ба 47 ҳазору 121 нафар расид. Дар он теъдоди фавтидагон 405 нафар ва шифоёфтагон 3 446 касро ташкил медиҳад.
Шумораи ҳолатҳои тасдиқшуда дар Бразилия 40 ҳазору 743 нафар, Белгия — 39 ҳазору 983, Канада — 36 ҳазору 829 ва Нидерланд — 33 ҳазору 405 мебошад.
Теъдоди мубталоён дар Арабистони Саудӣ 10 484 нафар буда, дар он 103 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 7 265 ҳолати сиротяёбӣ ошкор гардида, миёни онҳо 43 нафар фавтидаанд. Дар Қатар 6 015 нафар мубталои коронавирус шуда, дар он шумораи фавт нисбат ба АМА камтар аст — 9 ҳолат.
Дар онҳо коронавирус нест: Вазорат охирин омори қарантиншудагонро дар Тоҷикистон гуфт
Сирояти коронавирус дар кишварҳои дигари арабӣ назири Миср, Ироқ, Қувайт, Сурия низ дар ҳоли афзоиш аст.
Ёдовар мешавем Созмони ҷаҳонии беҳдошт 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда ва он имрӯз дар беш аз 210 давлати ҷаҳон доман паҳн кардааст.