ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Кишвардори Ӯзбекистон дар арафаи моҳи Рамазон аз соҳибкорон дархост намудаст, ки ба оилаҳои ниёзмандро дасти кӯмак дароз намоянд.
Ҳамчунин бо даъвати Мирзиеёв ҳаракати ҷамъиятии "Некӣ ва дастгирӣ" созмон дода шудаст, ки фаъолияти он ба дастгирии оилаҳои ниёзманд равона гардидааст.
"Ба қарибӣ моҳи муқаддаси Рамазон фаро хоҳад расид. Кӯмак ба оилаҳои камбизоат дар ин муддат як амали нек аст. Як соҳибкор, бо тавоноии худ, метавонад ба 10 оила дар як моҳ кӯмак кунад. Шояд соҳибкори дигаре имкони ба 20 оила кӯмак карданро дорад. Аз миёни оилаҳои нодор, ягон аъзои хонаводаро киро карда ҳақмуздашро диҳед", - пешниҳод намудаст Мирзиёев.
Масҷидҳои Макка ва Мадина дар Рамазон баста хоҳанд монд
Бар замми кӯмакҳои ироанамудаи соҳибкорон ба оилаҳои ниёзманд, Мирзиёев ваъда намуд, ки ба кори онҳо сабукӣ меорад. Бо дарназардошти ҳаҷми кӯмак кардаи онҳо соҳиби имтиёз хоҳанд шуд, афзудаст Мирзиёев.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, моҳи шарифи Рамазон ба рӯзи ҷумъаи 24 апрел рост меояд.