Қаҳрамонии Тоҷикистон миёни бонувон шурӯъ шуд

Сар аз 19 - уми апрел дар Тоҷикистон Қаҳрамонӣ оид ба футбол миёни бонувон оғоз гардид, ки дар он 10 даста иштирок мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон рӯзи19 апрел шурӯъ шуд. Дар мусобиқаи мазкур иштироки 10 даста ба назар гирифта шудааст.

Рустами Эмомалӣ вазорату идоранишинҳоро ба бозии футбол мебарорад
Ба иттилои Кумитаи миллӣ олимпии Тоҷикистон, дар бозии марказии даври аввал муддаиёни медалҳои тилло "Зебонисо"-и Душанбе ва "Хатлон"-и Бохтар вохӯрданд.

Гуфта мешавад, бозӣ ба ҳисоби 1:0 бо пирӯзии бохтариҳо анҷом ёфт, голи ягонаро Муҳайминаи Гулаҳмад зад.
Бо ҳисоби 1:0, ҳамчунин "Зебо" бар "Регар-ТадАЗ","Барқ" бошад, бар тими "Равшан" ғолиб омаданд.

Футбол бидуни дастфишорӣ: тасмими УЕФА барои пешгирӣ аз коронавирус

Дар даври аввал футболбоздухтарони "Чашма" дастаи "Панҷшер"-ро бо ҳисоби калони 6:1 шикаст доданд. "Бешкент" ба дарвозаи "Ҳосилот" -2 голи беҷавоб зад.
Ёдовар мешавем, ки Қаҳрамонии Тоҷикистон миёни бонувон дар ду марҳила сурат мегирад, ки ҳар даста бо дигар дастаҳо дар хона ва сафар вомехӯранд. Ҳар даста дар мавсими нав 18 бозӣ анҷом медиҳад.