Машварати фосилавӣ: вазир бо дипломатҳои тоҷик мушкилоти шаҳрвандони кишварро баррасӣ кард

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар машварати фосилавӣ бо сафирони кишвар дар хориҷа барои сари вақт ҳал кардани муроҷиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дастурҳои мушаххас дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин 17 апрел бо сафирони Тоҷикистон  дар Русия, Қазоқистон, Белгия, Швейтсария, Австрия ва Ҳиндустон конфронси видеоӣ баргузор кард.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт набуди коронавирус дар Тоҷикистонро тасдиқ кард

Тибқи иттилои манбаъ, дар  он  натиҷаҳои машварати видеоӣ бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии мамлакат дар хориҷа, ки 7 апрели соли ҷорӣ баргузор гардида буд, баррасӣ  шуданд.

Дар вазорати хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар ин машварати видеоӣ тадбирҳои андешидашуда баҳри ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷа қарор доранд, таҷрибаи дигар давлатҳо дар муқобила бо бемории ҳамагир — COVID-19 ва ғайра баррасӣ гардида, гузоришҳои сафирони Тоҷикистон шунида шуданд.

“Дар охири ҷаласа ба намояндагиҳои дипломатӣ дастурҳои мушаххас барои сари вақт баррасӣ кардани муроҷиатҳои шаҳрвандони мамлакат, вусъат додани корҳои тавзеҳотӣ дар байни ҳамватанон ва рушди ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ дода шуданд”, - таъкид намудааст дафтари матбуоти вазорат.