Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Исботи набуди “вируси тоҷдор”: оилаи Шодиевҳо аз қарантина баромад

Хонаводаи Ҳабибуллоҳ Шодиев, сокини 60 – солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки тахмин мешуд, аз гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” фавтидааст, пас аз анҷоми марҳалаи 14 – рӯзаи қарантина аз шифохона рухсат шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Ӯткир Ҳабибуллоҳзода, писарбузурги Ҳабибуллоҳ Шодиев дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳамаи 18 узви хонавода – аз модари 60 – сола то ҷияни 1 солу семоҳааш, ки 5 апрел дар Беморхонаи физиотерпавтии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳраки Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов қарантина шуда буданд, рӯзи 19 апрел ба манзили худ дар деҳаи Гулафшони ноҳия баргаштанд.

 “Ман ҳоло ашки шодӣ мерезам, ки ин рӯзҳои сахтро хонаводаи мо пушти сар кард. Он ҳама ташвишу фикри ин ки чӣ мешуда бошад, ростӣ, моро хеле хавотир карда буд. Ҳаёти дубора дидем, гӯем ҳам мешавад. Аз масъулони тандурустии ноҳияву вилояти ҷумҳурӣ, бахусус пизишкону парасторон ва тамизкорони Беморхонаи физиотерпавтии вилояти Суғд сипосгузорӣ мекунем”, - гуфт Ӯткир Ҳабибуллоҳзода.

Хонаводаи Шодиевҳо вақте дар маркази таваҷҷӯҳи расонаҳо ва ҳам овозаву шоеъот қарор гирифт, ки 1 апрел Ҳабибуллоҳ Шодиев, падари хонадон аз маризии пневмонияи дутарафа фавтид ва дар пайи марги ӯ 11 табибу парастори шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва тамоми узви хонаводаи ӯ қарантина шуданд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт набуди коронавирус дар Тоҷикистонро тасдиқ кард

Ин ҳама иттифоқот эҳтимоли фавти Шодиев аз “вируси корона” – ро ба вуҷуд овард ва бархе расонаҳо ҳатто ӯро аввалин қурбонии ин вирус дар Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Марги Шодиев тамоми Тоҷикистонро ба ташвиш афканд ва ҳам овозаҳои даҳшатнокеро дар бораи хонаводаи ӯ ба вуҷуд овард.

Ба қавли Ӯткир Ҳабибуллоҳзода, бино ба як овоза, худаш, модараш, додараш ва як ҷиянаш, гӯё даргузашта буданду мақомот ҷасадҳои онҳоро дар сардхона нигаҳ медоштанд ва бояд пас аз 14 рӯз берун оварда, гӯр мекарданд.

 “Ин овозаҳоро ба ман наздикону дӯстон мерасонданд. Ростӣ, шунидани онҳо, агарчи дурӯғ буданд, дили маро сиёҳ ва саволҳои зиёдеро пешам халқ мекард, ки оё мо аз ин ҷо зинда мебароем, сарнавишти мо чӣ мешуда бошад... Худоро шукр, ки ҳатто яке аз мо тасф накард”, - гуфт Ӯткир Ҳабибуллоҳзода.

 Аммо 18 узви хонаводаи Шодиевҳо танҳо нафароне набуданд, ки дар пайи марги Ҳабибуллоҳ Шодиев қарантина шуданд. 11 табибу парастор ва ҳам бародари ӯ Абдуҷалил Шодиев, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иттифоқи писараш ҳамоно дар Беморхонаи сироятии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд қарантинаанд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз авҷи коронавирус дар се кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон хабар дод

Меҳрубон Тошев, танҳо писари Ҳоҷимуҳаммад Тошев, ҳамкори Абдуҷалил Шодиев, ки 11 апрел аз “ишемияи дил” ҷон ба ҷонофарин супурда буд, низ дар ин беморхона қарантина шудааст.

Яке аз қарантинашудагон Алишер Абдураҳимов, муовини сардухтури Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, онҳо рӯзҳои 25 – 26 апрели соли равон рухсат хоҳанд шуд.

 “Азбаски ҳамаи мо тасф бароварда будем, барои мо 21 рӯз қарантина таъйин карданд, то гирифтории мо пурра таъйид ё такзиб шавад. Вазъи Абдуҷалил Шодиев, писарашон ва ҳам писари Тошев ҳам хубу ҳамагӣ сари ҳол ва интизори рухсатанд”, - гуфт Алишер Абдураҳимов.

Дар силсилаи онҳое, ки дар пайи фавти Ҳабибуллоҳ Шодиев қарантина шудаанд, ҳоло танҳо вазъи хешованди ӯ Абдухалил Ҷӯрабоеви 56 – сола, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки гуфта мешуд, дар шустушӯи ҷасад ва ҳам ба қабр гузоштани ӯ ширкат дошт, номаълум боқӣ мемонад.

Абдухалил Ҷӯрабоев бо ҳарорати баланд ба Беморхонаи физиотерапевтии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳраки Ғӯлакандоз интиқол ёфта, вазъаш вахим арзёбӣ шуда буд. Маризии ӯро низ пневмонияи дутарафа ташхис доданд ва бо иттифоқи ӯ 5 узви хонаводааш низ ба ин шифохона интиқол ёфта, таҳти қарантина қарор гирифтанд.

Эҳтимоли даргузашти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия аз коронавирус

Шавкатҷон Раҳимбердиев, сардухтури ин Беморхона ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Абдухалил Ҷӯрабоев таҳти дастгоҳи нафасдиҳӣ қарор дорад ва умеди ин, ки шифо хоҳад ёфт, зиёд аст.

“Хушбахтона, вазъи аъзои хонаводааш мӯътадил аст. Онҳо дар як утоқ ва таҳти назоратанд. Дирӯз натиҷаҳои таҳлили аввалаи ҳамаи 5 касро гирифтем, ҳама манфӣ баромаданд”, - гуфт Шавкатҷон Раҳимбердиев.

Пизишконе, ки бо Sputnik Тоҷикистон сӯҳбат карданд, мегӯянд, рухсат шудани хонаводаи Шодиевҳо аз қарантин фарзияи фавтидани Ҳабибуллоҳ Шодиев аз “вируси тоҷдор” ва ҳам вуҷуди ин маризӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро рад мекунад.

“Яке аз нишонаҳои ин маризӣ густариши зуд ва бесобиқаи он аст. Аммо хонаводаи Шодиевҳо ҳанӯз аз 21 март то дами марг дар канори марҳум буданд. Агар “вируси тоҷдор” мебуд, қабл аз ҳама аъзои хонаводааш гирифтор мешуданд. Пас марги ӯ табиӣ буда, ташхиси расмӣ дуруст аст”, - мегӯянд онҳо.