Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Эрон: наздик ба 60 ҳазор нафар аз коронавирус беҳбуд ёфт

Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, то кунун 59 ҳазору 273 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Бино бар иттилои Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон гуфт дар ин кишвар дар 24 соати ахир  1294 бемори ҷадид ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Шифоёбии наздики 56 ҳазор мубталои каронавирус дар Эрон

Вай афзуд, то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 83 ҳазору 505 нафар дар Эрон ба коронавирус  мубтало шудаанд.

Ҷаҳонпур ҳамчунин таъқид дошт, ки дар 24 соати ахир 91 нафари дигар аз ин вирус ба ҳалокат расидааст.

“Дар ҳоли ҳозир, фавти ношӣ аз вируси корона дар Эрон ба 5 ҳазору 209 нафар расидааст”, - таъкид дошт Ҷаҳонпур.

Ҳамзамон вай зикр кард, ки шумори нафароне, ки ба короновирус дар ҷаҳон гирифтор шудаанд ҳудуди 2 миллиону 500 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 165 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 633 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.