Созмони ҷаҳонии беҳдошт набуди коронавирус дар Тоҷикистонро тасдиқ кард

Намояндаи СУТ дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфтааст, дар ҳолати  ба қайд гирифтани Covid-19  дар Тоҷикистон фаъолияти СУТ ва шарикони рушд кӯмакҳои бештареро ба Тоҷикистон расонида, барои мубориза ва табобати ин беморӣ тадбирҳои дигареро амалӣ  хоҳанд намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Галина Перфилева зимни суханронии хеш  изҳор дошт, ки ҳарчанд то имрӯз дар Тоҷикистон бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд чораҳои  зиёди пешгирикунандаро дар ин самт амалӣ намуда истодаанд.

Тавсияҳои СҶБ: чӣ бояд кард то вирус ба Тоҷикистон ворид нашавад - навор

Галина Перфилева, намояндаи Созмони умумиҷаҳонии беҳдошт гуфтааст, ба дақиқии тестҳои ташхиси коронавирус дар Тоҷикистон итминон дорад, зеро ба гуфти ӯ, тестҳое, ки барои  ин ташхис истифода мешаванд, дар аксар кишварҳо низ мавриди амал қарор дода шудаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустии кишвар намояндаи Созмони умумиҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон ин нуктаро зимни як чорабинӣ бо кормандони ВАО изҳор дошдааст

Намояндаи СУТ ҳамчунин дар бораи сатҳ ва сифати озмоишгоҳе, ки дар Тоҷикистон ба ташхиси  сирояти коронавирус машғул аст, савияи дониши мутахассисони дар он фаъолияткунанда ва сифати ташхиси ин беморӣ гуфтааст, ки воқеан озмоишгоҳ ва дониши мутахассисони он ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобӯ мебошад.

Ба гуфти ӯ, ин мутахассисон  курсҳои махсуси омӯзиширо берун аз кишвар азхуд намуда, ҳар як ташхиси анҷомдодаи онҳо аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ТУТ пешниҳод карда мешавад. Аз ҷумла то 16 апрели соли равон дар ин озмоишгоҳ 2317 ташхис анҷом дода шудааст, ки 440-тои он такрорӣ мебошанд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт расман набуди коронавирусро дар Тоҷикистон тасдиқ кард

Бояд гуфт, ки тестҳо барои ташхиси коронавирус танҳо барои он нафароне гузаронида мешаванд, ки дар онҳо ягон нишонаи  ин беморӣ, ба монанди таби баланд, сулфаи хушк, сӯзиши қафаси сина, дарди гулӯ ва ғайра ба мушоҳида бирасад.

Гуфта мешавад, чанд ҳодисаи фавте, ки вақтҳои охир дар кишвар бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ба қайд гирифта шуд, қабл аз фавт ба онҳо  ташхиси коронавирус низ гузаронида шуда, натиҷаашон манфӣ  баромад.

Галина Перфилева дар идомаи суҳбат аз вазъи таъминот ва омодагии муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ба ҳолати эҳтимолии хурӯҷи сирояти коронавирус ҳарф зада, иброз доштааст, ки ҳеҷ як кишвари олам барои мубориза ва пешгирии ин вирус омода набуд ва дар ҳолати  ба қайд гирифтани Covid-19  дар Тоҷикистон фаъолияти СУТ ва шарикони рушд кӯмакҳои бештареро ба Тоҷикистон расонида, барои мубориза ва табобати ин беморӣ тадбирҳои дигареро амалӣ  хоҳанд намуд.