Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон аз 1,5 ҳазор гузаш: 74 ҳолат давоми як шабонарӯз

Дар ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон беш аз 90 ҳазор нафар дар қарантина қарор дорад. Ҳукумати Ӯзбекистон муҳлати қарантинаро то 10 май тамдид кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Тибқи оморҳои охирин мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон дар ҳоли афзоиш буда ба 1543 нафар расидааст, хабар медиҳад Вазорати тандурусстии ин кишвар.

Аз ҷарима то зиндон: дар Ӯзбекистон барои таҳқири гирифторони коронавирус ҷазо ҷорӣ шуд

Ин дар ҳолест, ки шоми рӯзи гузашта теъдоди сироятшудагон ба ин беморӣ дар Ӯзбекистон ба 1469 нафар баробар шуда буд.

Ҳамчунин аз ин беморӣ дар ин кишвар панҷ нафар ҳалок ва 225 тани дигар шифо ёфтаанд, ки 31 тои ин танҳо ба имрӯз рост меояд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир беш аз 90 ҳазор дар қарантина қарор доранд. Дар хориҷи Ӯзбекистон бошад 73 шаҳрванди ин кишвар ба коронавирус гирифтор шудааст, ки бештараш дар Русия буда ба 42 ҳолат мерасад.

Барои табобат ва маслиҳат барои пешгирии ин беморӣ рӯзи гузашта ба ин кишвар як гурӯҳи 15 нафарии табибони чинӣ омаданд.

Бо даъвати Мирзиёев: табибони чинӣ барои мубориза бо коронавирус вориди Ӯзбекистон шуданд

Ба иттилои Вазорати тандурустии ин кишвар барои мубориза бо коронавирус 15 мушовир ва коршиносони тиб иборат аз вирусологҳо, эпидемиологҳо, пулмонологҳо, терапевтҳо, ҷарроҳон ва мутахассисони бемориҳои сироятӣ мебошанд.

Ба иттилои манбаъ,  ҳамчунин ба ин гурӯҳ  духтурони ботаҷриба аз клиникаҳои пешрафта, ки дар Вуҳан ва дигар шаҳрҳои вилояти Хубей кор мекарданд, шомил мебошанд.

Гуфта мешавад ба Ӯзбекистон ҳамзамон ёрии башардӯстона – таҷҳизоти тиббӣ ва дорувории ворид шудааст.

Қаблан Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дастур дода буд, ки табибони Чинро ба Ӯзбекистон даъват кунанд, то аз онҳо дар бораи боздории роҳҳои паҳншавии коронавирус дар кишвар тавсияҳо бигиранд.
Нахустин ҳолати мубталои коронавирус 15 март аз як мусофир, ки аз Фаронса  бармегашт дарёфт шуд.

Ёдовар мешавем, мақомоти Ӯзбекистон сар аз 16 март то 30 апрел тасмим гирифтанд, ки робитаҳои заминиву ҳавоиро бо дигар кишварҳо бинобар хатари паҳншавии коронавирус қатъ кунанд. Ҳамчунин чанд шаҳри ин кишвар дар карантинаи шадид қарор дорад.