Файзов дар бораи муҳоҷирон, гуфтугӯи Путину Раҳмон, нархҳо ва зарари зӯрӣ-видео

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ, дар як гуфтугӯи сарироҳӣ бо Музаффар Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ ва маъмури гуруҳи фейсбукии “Цавор куен” дар бораи ҳоли муҳоҷирон, гуфтугӯи роҳбарони Тоҷикистону Русия, чораҳо алайҳи ҷаҳиши нархҳо ва зарари зӯрию фишор дар бозор суҳбат кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Файзов гуфт, он хизматеро, ки муҳоҷирони меҳнатӣ солиён барои таъмини ниёзҳои мардум мекунанд, фаромӯш кардан ғайриимкон аст. Ӯ бо изҳори сипос ба муҳоҷирон таъкид намуд, ки дар вазъияти мушкили феълӣ масъулин дар фикри расондани дасти ёрӣ ба муҳоҷирон мебошанд.

Хушхабар! ҳукумати Русия пардохти пули патентро бекор кард - видео

“Имкониятҳо каме маҳдуданд, аммо кор барои дастгирии муҳоҷирон ҷараён дорад. Сафорату намояндагиҳо рақамҳояшонро додаанд, то дар сурати зарурат шаҳрвандон муроҷиат кунанд. Ҳар коре аз дасти мардуму давлат меояд, барои муҳоҷирон дареғ нахоҳанд дошт”, - изҳор дошт Файзов.

Ӯ иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои русиягияш тайи рӯзҳои охир гуфтушунидҳо дошт, ки ҳадафи аслии он кумаку осонӣ барои муҳоҷирон дар вазъияти феълӣ мебошад.

Зикри Файзов аз гуфтушуниди Раҳмону Путин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта раисиҷумҳури Русия бо имзои як дастур муҳоҷирони меҳнатиро аз пардохту расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ дар се моҳ, аз 15 март то 15 июн озод кард.

Ӯ илова намуд, ки муроҷиату шикояти сокинони вилоят дар шабакаҳои иҷтимоиро пайгирӣ мекунад ва аз эроди охири корбарон дар мавриди ҷаҳиши нарх дар бозорҳо зикр намуд.

Гуфтугӯи телефонии Раҳмон ва Путин: сарони Тоҷикистону Русия чи гуфтанд?

Раиси ВМКБ тавзеҳ дод, ки гуруҳи корӣ ташкил шуда, ба арзёбии нархҳо дар бозорҳо машғул мебошанд.

Ӯ дар ин росто таъкид намуд, ки эътидол миёни таъсиррасонӣ ба нархҳо ва озодии бозор бояд риоя гардад, чун ҳеч роҳбаре наметавонад бо дастуру амре шартҳояшро дар бозор барои дарозмуддат ҷорӣ кунад.  Раиси вилоят ҳушдор дод, ки истифодаи чораҳои маъмурӣ ва фишор зӯрии аз ҳад зиёд дар бозор метавонад натиҷаи баръакс диҳад, чун соҳибкорон метавонанд умуман аз пешниҳоди мол ба бозор худдорӣ намоянд.

Раиси ВМКБ қонуни асосии бозорро хотиррасон кард, ки тибқи он нархҳо аз талаботу пешниҳод дар бозор вобаста мебошанд ва ҳар қадаре фаровонӣ дар бозор таъмин бошад, ҳамон қадар нархҳо поин хоҳанд буд.

Файзов таъкид намуд, ки алайҳи ҳаннотон, ки фарзан халтаи орди Ожонси захираи давлатиро бо нархи 210 сомонӣ мехаранду дар дигар ҷой қимат мефурӯшанд, метавон чораандешӣ кард, аммо дар маҷмуъ амру фишор дар бозор натиҷаи дилхоҳ дар дарозмуддат нахоҳад дод.

Вазъи “мурдашӯй” хуб нест, наздиконаш дар қарантинанд: дар Суғд чӣ мегузарад?

Раиси ВМКБ бори дигар аз таъсир ба нархгузорӣ тариқи пешниҳоди бештари мол суҳбат карда, гуфт, феълан бо сохторҳои дахлдори Ҳукумат, аз ҷумла Ожонси захираҳои давлатӣ ва соҳибкорону ташкилотҳои байналмилалӣ барои пешниҳоди мол ба бозорҳои вилоят чораандешӣ карда истодаанд.

Ба гуфтаи Файзов, таъминоти мардуми вилоят асосан аз ҳисоби сайёҳӣ, муҳоҷирон ва соҳибкорӣ буд, ки имсол дар пайи хуруҷи коронавирус дучори мушкил шудаанд. Дар чунин шароит Файзов зарур хонд, ки ҳар порчаи замини вилоят пурсамар истифода шавад, то қисман ҳам бошад мардум ниёзҳои худро таъмин намояд.