Вазорати кишоварзӣ: сардиҳои ахир қариб нисфи сабзавоту меваро нобуд кард

Барфрезии ахир ва шамолҳои шадид қисме аз гармхонаҳои кишварро хароб карда, ҳамакнун зарур аст қариб ҳаммаи  ниҳолҳои помидор, бодиринг ва сабзӣ бояд дубора кошта шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Бориши барфи шадид ва боронҳое, ки ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон рух дод, як қисми ҳосили мева ва сабзавотро дар саросари ҷумҳурӣ нобуд кард, хабар медиҳад РИА Новости дар такя ба Вазорати кишоварзии кишвар.

Барфи ғайричашмдошт: гулгашту дарахтзорҳои Душанбе зери барф монданд - акс

Ба иттилои манбаъ, барф ва шамоли шадид дар кишвар бисёре аз дарахтонро шикаст, гармхонаҳоро вайрон кард ва сардиҳои шабона бошад меваҳои гелос, зардолу ва олуро нобуд кард.

Манбаъ мегӯяд, сардиҳои ахир дар ҷануби Тоҷикистон ба зироатҳои пахта, нахуд, ангур ва гелос таъсир расонд. Ҳамчунин, дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон тухмии пахта дар майдони зиёда аз 830 гектар нобуд шуд.

Гуфта мешавад, шамолу барфрезиҳои ахир ба ҳар як деҳқон аз 35 то 40 ҳазор сомонӣ (3,5-4 ҳазор доллар) зарар расонидааст. Бар замми ин, барф 30% дарахтони мевадиҳандаро нобуд кард.

Ҷаласаи ғайринавбатии Ҳакимзода дар пайи барфрезӣ: аз дудмонӣ дар боғҳо то кӯчондани чорво

Вазорат гуфтааст, сабзавот, ки қаблан дар майдони кушод шинонда шуда буданд, сардиҳои шабро онро нобуд кард.

Ба таъкиди ин ниҳод, дар Истаравшан бештар токзорҳо зарар диданд, барф 25-30% ҳосили имконпазирро нобуд кард.

Тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ, ҳоло ниҳолҳои қариб тамоми помидор, бодиринг ва сабзӣ бояд дубора кошта шаванд.

Ёдовар мешавем, санаи 9 апрел дар кишвар барфи ногаҳонӣ борид ва шамолҳои шадид баъди он рух дод. 

Дар пайи ин ҳодисаи табиӣ бисёре аз сокинони кишвар мегӯянд сабзавоту меваҷотро хунук зад ва ин таъсирашро ба нархҳои бозор хоҳад гузошт.