Вазъи “мурдашӯй” хуб нест, наздиконаш дар қарантинанд: дар Суғд чӣ мегузарад?

Вазъи сиҳатии боз як фарде, ки дар Беморхонаи физиотерапевтии вилояти Суғд таҳти қарантина аст, вахим шудааст. Аммо сардухтур мегӯяд, ҳеҷ яке аз наздикони ӯ тасф надоранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Шавкатҷон Раҳимбердиев, сардухтури Беморхонаи физиотерапевтии вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъи Абдухалил Ҷӯрабоеви 56 – сола, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар ин беморхона таҳти қарантина аст, хеле вахим шудааст.  “Чор шабонарӯз дар хона ҳарорат кардааст. Вақте ба духтури оилавӣ муроҷиат мекунад, ахирӣ “ёрии таъҷилӣ” – ро даъват карда, ба ин ҷо интиқол медиҳад.

Ситод: коронавирус дар Тоҷикистон нест, аммо бемории илтиҳоби шуш авҷ гирифтааст

Рӯзи 14 апрел буд. Пагоҳаш маззааш гурехт. Ҳарораташ баланд, фишораш паст шуд. Ҳоло таги дастгоҳ хоб аст”, - гуфт Шавкатҷон Раҳимбердиев. Абдухалил Ҷӯрабоев, яке аз хешовандони Ҳабибуллоҳ Шодиев, сокини деҳаи Гулафшон, собиқ Янтоқзори ноҳияи Ҷаббор Расулов аст ва ба қавли бархе афроде, ки бо Sputnik Тоҷикистон сӯҳбат карданд, дар ҷанозаи марҳум дар мурдашӯӣ ва ҳам ба қабр гузоштани ӯ ширкат доштааст.

Ҳабибуллоҳ Шодиев 1 апрел дар Бемхорхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, бино ба иттилои расмӣ, аз пневмонияи дутарафа фавтида буд. Чор рӯз пас аз марги ӯ 11 табибу парастор, бародараш Абдуҷалил Тошев ва дар умум 18 узви оилааш таҳти қарантина гирифта шуданд.

11 апрел Ҳоҷимуҳаммад Тошев, ки ҳамкори Абдуҷалил Тошев дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов буд, бино ба иттилои мақомот, аз “бемории ишемияи дил” фавтид.

Ин иттифоқот эҳтимоли шуюъи “вируси тоҷдор” дар ин ноҳияро ба вуҷуд овард.

Сардухтури Беморхонаи физиотерапевтии вилояти Суғд ташхиси Абдухалил Ҷӯрабоевро низ пневмонияи дутарафа унвон карда, гуфт, ӯро ду бор ташхиси рентгенӣ карда, рӯзи 15 апрел таҳлилҳояшро ба Хуҷанду Душанбе низ фиристоданд ва ҷавоб гирифтанд, ки манфӣ аст.

Вай афзуд, дирӯз 17 апрел мутахассисони вилояту ҷумҳурӣ низ омада, боз таҳлили нав гирифтанд.

“Вазъи як худашон вазнин аст. Писарашон ҳамроҳашон аст. Дар умум 5 узви оилааш, ба шумули фарзанду ҳамсар ва келину набераҳояш дар як утоқ қарор доранд ва таҳти қарантина гирифта шудаанд. Рӯзона чор – панҷ маротиба тасфашонро чен мекунем. Хушбахтона, ягонташон таб надоранд. Таҳлили ҳамаи 5 касро гирифта, фиристодем. Посухаш пагоҳ маълум мешавад”, - гуфт Шавкатҷон Раҳимбердиев.

Як манбаъи дигар дар Беморхонаи физиотерапевтии вилояти Суғд ҳамзамон иттилоъ дар бораи инро, ки аз “беэҳтиётӣ ва нарасидани сарулибоси махсус” вазъи ду табиби Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов - Алишер Назиров ва Туйчибой Раҳимов - вазнин шудааст, рад карда, гуфт, маҳз ин ду нафар аз Абдухалил Ҷӯрабоев муроқибат мекунанд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз авҷи коронавирус дар се кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон хабар дод

“Ҳарду пас аз марги Шодиев ба беморхонаи мо барои қарантина интиқол ёфта буданд. Азбаски мутахассисанд ва вазъи сиҳатиашон хуб аст, ба мо кӯмак мекунанд. Онҳо аз Шодиев муроқибат карда буданд. Як рӯз беморро назорат карда, гӯё ҳарорат баровардаанд. Агар гап дар бораи вирус равад, дар як рӯз ҳарорат пайдо намешавад ку? Воҳима кардаанд. Ҳоло ҳарду бардаму сари ҳол ва сари коранд”, - гуфт ин манбаъ.

Қаблан расонаҳо аз марги Муъминҷон Мирбаротови 68 – сола, як сокини дигари ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар дода буданд, ки низ аз пневмония ҷон ба ҷонофарин супурдааст.

Як манбаъ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд низ овозаҳо дар бораи қарантина шудани 10 пизишки ин шифохонаро рад карда, гуфт, ҳоло дар ин ноҳия ягон нафар дар қарантина қарор надорад.

“Охирин афроде, ки аз қарантина баромаданд, узви хонаводаи Наврӯзмаҳмад Ҳоҷимуҳаммадов, соли таваллудаш 1973 ва як ронандаи бо ӯ тамосдошта буд. Ҳоҷимуҳаммадов, сокини деҳаи Ростровут, аз Қазоқистон баргашта, ба дарди сару нафастангӣ мепечад. Аз ин хотир, ӯ ба пизишкон муроҷиат кард ва бо аҳли оилаашу танҳо нафар - ронандае, ки тамос дошт, дар умум 5 нафар ҳама қарантина шуданд. Аз 29 март то 12 апрел таҳти қарантина буданд ва рухсат шуданд”, - гуфт ин манбаъ.