"Қатли сабзавотфурӯш аз ҷониби посбони 62-солаи меҳмонхонаи Эҳсон”-видеои ВУД

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар қатли Пайрав Сатторов, сабзавоту мевафурӯши бозори Панҷшанбе, посбони меҳмонхонаи “Эҳсон” Исломхӯҷа Исломовро муттаҳам мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Маъмурини милисаи шаҳри Хуҷанд Исломов Исломхӯҷа, сокини 62-солаи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Б Ғафруровро дар марги Пайрав Сатторов, тоҷири бозори Панҷшанбе айбдор мекунанд.

Ҷанҷол барои собун бо занозании як ба як ва марг дар кӯчаи Айнӣ анҷомид-видео

Ба гузориши ВУД, ҳодиса шоми 5 апрел дар таваққуфгоҳи меҳмонхонаи “Эҳсон”-и шаҳри Хуҷанд рух додааст.

Манбаъ афзуд, Исломов, ки дар таваққуфгоҳи меҳмонхона ба ҳайси посбон кор мекардааст, дар ҳолати мастӣ бо Пайрав Сатторов, сокини ноҳияи Деваштич муноқиша карда, бо корд ба қафаси синааш задааст.

Сатторов дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст. ВУД хабар дод, ки аз марҳум 4 фарзанд ятим мондаанд.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, марҳум дар бозори Панҷшанбе тиҷорати сабзавоту мевафурӯшӣ доштаст.  

Дар мавриди Исломов таъкид гардидааст, ки ӯ дар гузашта низ се бор суд шуда, таҳқиқи парвандаи нав алайҳи ӯ идома дорад.