Хурсандӣ накунем, ки вирус нест: Раҳмон аз 2 соли мушкил гуфту фаҳмонд, чӣ бояд кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ бо тафсил дар бораи хатарҳои коронавирус ва пайомадҳои он суҳбат карда, фаҳмонд, ки тоҷикистониён набояд ба воҳима дода шаванду бекор шинанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз зиёни сахти ҷониву молии коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон гуфта, афзуд, вазъият ба дараҷае нигаронкунанда аст, ки Президенти ИМА, Доналд Трамп дар ҳамаи 50 штати кишвари худ, яъне дар тамоми қаламрави мамлакат низоми “фоҷиа ё бадбахтии бузург” эълон кард.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳоло бемории коронавирус дар беш аз 200 кишвари дунё паҳн гардидааст.

“Мо набояд аз ин, ки чунин беморӣ дар кишвари мо вуҷуд надорад, хушҳоливу хурсандӣ кунем. Мо набояд тамошобини рӯзҳои сахти дигарон бошем. Баръакс, мо бояд ба он омода бошем, ки чунин озмоиши тақдир ё лаҳзаҳои душвор метавонанд дар кишвари мо низ ба вуҷуд оянд”, - таъкид кард раисиҷумҳур.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ибтидои соли 2020 нисбат ба давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон рӯз ба рӯз вазнину хатарноктар гардида истодааст.

Шахсиятҳои арзанда хонд: Президент Рустами Эмомалӣ ва муовинонашро шодбош гуфт

Ӯ падару бобоёнро зикр кард, ки замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, дар шароите, ки техникаи кишоварзӣ вуҷуд надошт, бо даст киштукор карда, ҳам оилаи худашонро бо нон таъмин мекарданд ва ҳам ба ҷабҳаи ҷанг даҳҳо ҳазор тонна маводи ғизоӣ мефиристоданд.

“Чунки вазъият ҳаминро талаб мекард. Имрӯз ҳам чунин вазъият ба миён омадааст. Яъне имрӯз мо бояд заҳмат кашида, худамонро бо маводи ғизоӣ таъмин намоем”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон ва зарур хонд, ки “бояд ба таҳлука наафтем, ба воҳима дода нашавем, баръакс, босабру таҳаммул бошем, фидокорона ва аҳлона кор кунем, заҳмат кашем, кишту кори баҳориро сари вақт ва босифат анҷом диҳем, зеро бори дигар таъкид месозам, ки таъминоти ҳар як оила ва сатҳи зиндагиву рӯзгори сокинон бевосита аз заҳмати ҳаррӯзаи худамон вобаста аст”.

Аҳмадзода ноиби якум ва Файзов ноиби Рустами Эмомалӣ: киҳо дар парлумон вазифа гирифтанд?

Раисиҷумҳур бо зикри аҳамияти заминдорию киштҳои такрорӣ илова намуд, ки мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бисёр ҷойҳо заминҳои Президентӣ ва наздиҳавлигӣ солҳои дароз бекор мемонанд. Ин нишонаи фориғболӣ ва ношукрист.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт,  як масъалаи бисёр муҳимро дар назар дошта бошем, ки солҳои 2020 – 2021 аз лиҳози иқтисодӣ ва молиявӣ давраи ниҳоят мураккаб мешаванд.

“Фаромӯш набояд кард, ки агар мо ба тарсу ҳарос ва воҳимаю таҳлука афтода, кор накунем, вазъияти худамонро боз ҳам вазнин мекунем ва талафоту зиёни чунин кор аз хисороти бемории коронавирус бештар хоҳад шуд”, - таъкид кард раисиҷумҳур.

Ӯ такрор кард, ки зарари тарсу воҳима аз ҳар ҷиҳат аз худи беморӣ зиёдтар шуда, боиси ба вуҷуд омадани қаҳтиву қиматӣ ва наҳс мегардад. Ба гуфтаи раисиҷумҳур, ба ҷойи воҳимаю таҳлука мо бояд эҳтиёт бошем ва ба масъалаи тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ муносибат намоем.

Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб шуд

Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи ҶБВ, ҷанги шаҳрвандӣ ва хуруҷи бемориҳои сироятӣ дар кишвар зикр карда, муҳим хонд, ки №мувофиқи дастуру тавсияҳои мутахассисон амал намоем, ба тозагии манзили истиқоматӣ, яъне хонаву дари худ, маҳалли зист, риояи тарзи ҳаёти солим, қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддисироятӣ эътибори фавқулода диҳем ва бо ҳамин роҳ ҳам худамон ва ҳам дигаронро аз ин хатар эмин дорем”.

Ӯ дар вазъи баамаломада ба шахсони аз 65-сола боло тавсия дод, ки як вақти муайян бидуни зарурат аз хона дур нараванд, ҳамроҳи аҳли оилаи худ бошанд ва онҳоро сарварӣ кунанд.

“Мо қариб чор моҳро паси сар кардем ва бояд бо сабру таҳаммул моҳҳои апрелу майро низ тинҷу ором гузаронем”, - гуфт раисиҷумҳур.

Ӯ таъкид намуд, ки дигар ин, ки зиндагӣ мубориза аст ва дар ин мубориза касе дастболо мешавад, ки ақлу заковати худро ба кор мебарад, алалхусус, дар давраҳои ҳассосу вазнин саъю талоши бештар ба харҷ медиҳад, заҳмат кашида, аҳли оилаи хеш ва мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин мекунад, сарфаю сариштакорӣ, сабру таҳаммул ва оромиву тамкинро бештар риоя менамояд.